Sebiston new 2024 october
ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН АНДОЗАИ ЗАКОТ, САДАҚАИ ФИТР ВА ФИДЯИ РӮЗАРО МУАЙЯН НАМУД...
4226

Ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст. Тибқи таълимоти дини мубини ислом рамазон даврони бахшиши гуноҳҳо ва файзу эҳсон буда, дар ин моҳи муборак бо амри Офаридгор тамоми дарвозаҳои ҷаҳаннам баста ва дарҳои ҷаннат ба рӯйи мӯъминон кушода мешаванд.

Хайру саховат кардан дар моҳи шарифи Рамазон савобу аҷри зиёде дорад, аз ҳамин хотир муслимин кӯшиш мекунанд, ки дар ин моҳи муборак бар замми рӯза доштан, ҳамчунин ба қадри тавон хайру эҳсос намоянд, то боиси хушнудии Аллоҳ гардад. Закот, садақаи фитр ва фидяи рамазон аз зарурат ва хайрияҳои ҳатмии дини мубини ислом мебошанд, ки бандагони мӯъмин бояд онро иҷро намояд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон андозаи закот, садақаи фит ва фидяи рӯзаро дақиқ намуд. Маблағи закот имсол 625 сомонӣ муайян шудааст. Афроде, ки бештар аз 25 ҳазор сомонӣ сармоя доранд, ӯҳдадоранд, ки закоти моли худро пардохт намоянд.
Андозаи садақаи фитр барои ҳар як аъзои оила 6 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар хонадони шумо агар 5 нафар бошанд, 30 сомонӣ садақаи фитр медиҳед.
Беморон ва дигар афроде, ки бо сабабҳои узрнок рӯзаи моҳи шарифи рамазонро дошта наметавонанд 360 сомонӣ фидя медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки имсол рамазон аз рӯзи 13 апрел оғоз меёбад. Доштани рӯзаи моҳи шарифи рамазон барои духтар аз 9 солагӣ, барои писар бошад, аз 12 солагӣ фарз аст.

Бо сабаби пандемияи коронавирус соли гузашта мӯъминон имкон надоштанд, ки намози таровеҳ хонанд. Имсол гузаронидани намози таровеҳ дар масҷидҳо иҷозат дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД