Ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Артиши Милллии Тоҷикистон Пешвои миллат, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати содиқона ба халқу Ватан, саҳми арзандаашон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, дифоъ аз сохтори конститутсионӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонд.
"Дар ин бора маркази матбуоти президент хабар дода, 213 аксро аз рафти супурдани ордену медалҳо ва рутбаҳои навбатӣ ба низомиёни кишвар дарҷ намудааст".
Дар байни мардони ҷасуре, ки президент ба онҳо ҷоиза ё рутбаи нави ҳарбӣ супурд, Шоҳрух Саидзода, Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикитон низ ҳаст. Ёдрас мешавем, ки Шоҳрух Саидзода 36-сол дошта, сазовори рутбаи генерал-майор шудааст.