Роҳи Душанбе-Чанок боз баста шуд
Субҳи имрӯз, 28-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт дар роҳи мазкур муваққатан маҳдуд карда шудааст. Дар ин бора ширкати IRS хабар дод..
Бино ба иттилоъи ширкат, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок бо мақсади тоза кардани роҳ аз тарма ва пешгирии хатари сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар пайи ин офати табиӣ мебошад. Тозакунии роҳ идома дорад.