Шореҳи маъруфи тоҷик Алӣ Шариф роҳбари телевизиони "Варзиш" таъйин шудааст.
Қарор дар бораи роҳбари шабакаи телевизиони “Варзиш” таъин шудани Алӣ Шариф имрӯз ба имзо расида, сарвари навро аллакай ба кормандони шабака муаррифӣ намудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Алӣ Шариф ба ҳайси муовини аввали раиси телевизиони "Варзиш" кор мекард ва дар ин вазифа Парвиз Нориёнро иваз намуд, ки муовини роҳбари Хадамоти алоқа таъйин шуда буд.