Шаҳбоз Шарипов дар ҷомеаи мо бо тахаллуси Шон МС шинохта шудааст. Наздики ду сол мешавад, ки рэпхонӣ намекунад, аммо бешак, ҳоло ҳам аз ҷумлаи рэпсароёни маъруф ва сермухлис аст. Ҳоло Шон МС дар шабакаи маъруфи Инстаграм зиёда аз 252 ҳазор обуначӣ дошта, ба вуҷуди камфаъол буданаш ҳам, пайваста аз муҳаббати мухлисони ҳақиқиаш бархӯрдор аст.
Шон МС тавонист, ки рэпро дар ҷомеаи мо хеле маъруф кунад. То андозае ин санъати ба мо дурро наздик кард, ки дигар пиру барно мухлисаш шуд. Ӯ тавонист толорҳои консертии дохилу хориҷи кишварро пури мухлис кунад ва баҳри ҳаводоронаш рэпҳои дӯстдоштаашонро бихонад.
Асосан, мавзӯи марказии рэпҳои мавсуф ишқ буд, аммо миёни ҷомеа, махсусан нафарони аз 30-40-сола боло маҳз бо рэпҳои иҷтимоиаш маъруфу маҳбуб гашт. Доир ба азобҳои муҳоҷират, одатҳои нохуби наврасону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо, хиёнати дилдодаҳо ва ғайраҳо рэп хонда, кӯшиш кард, ки то андозае мушкилоти ҷомеаро нишон диҳад.
Ӯ дар авҷи шуҳрат, вақте ки метавонист боз ҳам толорҳоро пур аз мухлис кунаду ҳар ҳафта рэпҳои нав пешниҳод намояд, тасмим гирифт, ки тарки соҳа кунад. Охири соли 2022 эълон кард, ки дигар рэп намехонад ва ба ҳаҷ меравад. Ҳамин тавр, рэпи тоҷик яке аз беҳтарин ва сермухлистарин рэпсарояшро аз даст дод.
Акнун, меоем сари мақсад. Шон МС пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт?
Шаҳбоз Шарипов ё Шон МС баъди машҳур шуданаш ҳеҷ вақт аз зиндагии пешинааш шарм намекунад ва ҳеҷ гоҳ онро пинҳон ҳам намедорад. Ӯ дар даҳҳо рэпаш, ки бозгӯи ҳаёти шахсиаш ҳастанд, гуфтааст, ки замони кӯдакиву наврасӣ ба шустушӯи нақлиёт, ёрирасонӣ дар бозорҳо, рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ машғул шуда, меҳнати ҳалол карданро шараф мешуморад.
Ӯ ҳатто дар авҷи шуҳрат низ як инсони хоксору самимӣ буд ва ба дилхоҳ суҳбату мусоҳиба розигӣ медод.
Ҳоло бошад, дар саҳифаи ютубиаш пахши мустақим мекунад ва бо ҳамин минвол ҳам даромад ба даст меорад ва ҳам бо мухлисонаш дар иртибот мешавад.