Имрӯз эҷодкори ҷавон ва муваффақи тоҷик Кӯҳзоди Фатҳулло ҷашни мавлуд дорад. Ин ҷавони ҷӯянда бо ашъори ошиқонааш аллакай дар дили дӯстдорони шеъру сухан маъво гирифтааст.
Кӯҳзоди Фатҳулло тасмим гирифтааст, ки шоми 27-уми май таҳти унвони “Аз домани кӯҳи баланд” дар Кохи Суруш як базми дилнишини ширу шакар баргузор намуда, коми дӯстдорони шеъру сурудро бо сухани воло ва атри таронаҳои дилнишини ошиқонаву орифона ширин созад.
Қобили зикр аст, ки дар ин базми адабию ҳунарӣ ҳунармандони машҳури тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ, Орзугул Хӯҷамова, Ҳасани Ҳайдар, Эркин Одинаев, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон иштирок хоҳанд кард.