Муштзанию гӯштингирӣ аслан хоси мардон аст, вале духтарони тоҷик солҳои охир дар ин ҷодаҳо муваффақиятҳои зиёде ба даст оварда ба чи корнамоиҳо қодир будани зани тоҷикро собит карда истодаанд.
Яке аз чунин духтарони паҳлавони мо Шоира Зулқайнарова мебошад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар байни занон дар шаҳри Истамбули Туркия корнамоиҳои хуби варзишӣ нишон дода, шӯҳрати спорти тоҷикро баланд мебардорад.
Варзишгардухтари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар даври 1\8 финалии чемпионати ҷаҳон оида ба муштзанӣ дар байни бонувон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия мегузарад, дар вазни миёна (то 63 кг) варзишгардухтари куриёӣ Чеонг Хи Дунро мағлуб намуда ба даври 1\4 гузашт. Рақиби Шоира дар ин давр варзишгардухтари ҳунду Парвина Худой мебошад.
Ин тоҷикдухтари шуҷоъ, агар дар ин давр низ ҳарифашро шикаст дода тавонад, ба даври нимфинал роҳ меёбад.