arzon replenishment
Шоира чӣ тавр соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд?
1182

Шоира Давлатзода барандаи Шоҳҷоиза ва соҳиби 70 ҳазор сомонӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” гаштааст. Озмуни мазкур бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Шоира имсол факултаи таърихи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Ӯ дар оянда таҳсили худро дар зинаи магистратура ва сипас доктор PhD идома додан мехоҳад.

Давлатзода аз хурдӣ ба омӯзиши фанҳои таърих ва ҳуқуқ таваҷҷуҳи зиёд дошта, китобу асарҳои таърихии зиёдеро мутолиа кардааст. Вақте ки амри Президенти кишвар роҷеъ ба баргузор гаштани озмуни ҷумҳуриявии "" Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" ба тасвиб расид, пеши худ азм гузоштаааст, ки дар ин озмун ширкат варзида, қобилияти худро санҷад.

“Ҳангоме ки низомномаи озмунро дарёфт кардам, саволҳои он бароям ношинос набуд ва ҳатто шоҳасари алома Бобоҷон Ғафуров бароям ҳамчун як дастурамали дарсӣ ба ҳисоб мерафт. Пасон устодони факултетамон низ маро талқин намуданд то дар ин озмун ширкат варзам ва боварии онҳо умеди маро зиёд намуд”,- мегӯяд ӯ.

Шоира дар даври аввал миёни донишҷуёнӣ факултет иштирок намуда, дар радифи панҷ нафар донишҷӯ ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтаааст.

Қаҳрамони мо мегӯяд, бо дастгири устодони беҳтарин ва ҳамроҳии дӯстони хуб ба муваффақият расидааст. Ба андешаи Шоира дар озмун иштирок кардан худ ғолибият аст:

“Донише, ки дар ҷараёни омодагии озмун ба худ мегирем, мисли шамъе мемонад, ки пайроҳаи ояндаи моро равшан месозад. Як хусусияти хоси озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ дар ҳамин аст, ки ҳар касе дар онҳо иштирок меварзад, ғолиб аст, чун илме, ки аз асарҳои хондааш ба худ мегирад, мисли ҷавҳарест, дар идомаи таҳсил фаъолият ва ҳатто рӯзгораш низ ба ӯ кумак мерасонд”.

Пас аз ғолибият низ Шоира ҳамеша пайи омӯзиш қарор дошта, дониши худро мукаммал мекунад, то оянда таҳсили худро идома дода, дар роҳи илм яке аз беҳтаринҳо шавад.

Аввалин қиссаи калонҳаҷме, ки қаҳрамони мо ҳангоми дар синфи чор хонданаш мутолиа кардааст, ин повести устод Садриддин Айнӣ аст. Шоира мегӯяд: “Вақте модарам ин китобро ба ман туҳфа намуд, саргузашти талхи писарбачаи хурд ба ман чунон ҷолиб гашт, ки дар муддати чор рӯз онро пурра мутолиа намудам. Аз ҳамон замон, вақтҳои холигиям ба хондани қиссаву романҳо машғул мешудам, бештар ба ман романҳои таърихӣ писанд буд, чун инъикоскунандаи ҳаёти воқеии гузаштагони мо ба ҳисоб мерафтанд”.

Ин буд, ки қаҳрамони мо пайваста дар озмунҳои китобхонӣ аз қабили "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ", "Китобхони беҳтарин", "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст", "Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат", "Нақши китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён"-и Пешвои миллат дар рушди тафаккури миллӣ", " Тоҷикон"-оинаи таърихи миллат " ва ба мисли инҳо чандин озмунҳои дигар ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Шоира комёбиҳои худро бо шарофати дастгирии волидайнаш медонад. Ӯ мегӯяд муваффақияти аслӣ ҳамон аст, ки падару модарат бо доштани чунин фарзанд ифтихор намоянд.

Ҳамзамон Шоира ба чунин назар аст, ки баргузории чунин озмунҳо, роҳи ҷавононро дар печу фарозҳои зиндагӣ боз менамояд. Зеро ҳар нафаре, ки дар ин чорабиниҳо ширкат мекунад, ҳатман китоб мехонаду ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад: “Тавассути баргузор гаштани озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро як таҳаввулоти маънавие фаро гирифтааст ва ба ин восита ҷавонон аз пештара бисёртар ба мутолиаи китобҳо машғул мешаванд. Ба ҷуз аз озмунҳо, конференсияҳо ва маҳфилҳое, ки дар миёни ҷавонон гузаронида мешаванд ё барномаҳои телевизионие, ки бо иштироки адибон баргузор мегардад, шавқи китобхониро дар замири мо ҷавонон зиёд мегардонад”.

Шоира Давлатзода мегӯяд дар пешрафти кӯдакон нақши волидони онҳо хеле бузург аст. Агар аҳли оила китоб мутолиа намоянд, шахс дар муҳите ба камол мерасад, ки дониш мавқеи махсус дорад ва дар оянда низ ба хондани асарҳои бадеӣ машғул мешаваду пайваста кушиш мекунад дониши худро зиёд гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД