Даричаи ошноӣ:
Номи саҳнавӣ: Ха Чжи Вон.
Номи аслӣ: Ҷон Хэ Рим.
Санаи таваллуд: 28 июни 1978.
Макони таваллуд: Сеул, Куриёи Шимолӣ.
Касб: Ҳунарпеша.
Қад: 168.
Вазн: 46.
Гурӯҳи хун: А.
Мучал: Саратон.
Шоҳбону аз оилаи камбағал
Ха Чжи Вон ё Ҷон Хэ Рим яке аз беҳтарин ва машҳуртарин ситораҳои синамои Куриё ба шумор меравад. Ин паричеҳра 28-уми июни соли 1978 дар Сеул дар оилаи калон ва камбизоат ба дунё омадааст. Ҷон Хэ Рим ду апа ва як бародари аз худаш хурд дорад. Додараш Ҷон Тэ Су низ ҳунарпешаи шинохта аст.
Худованд ба Ха Чжи Вон маҳорати асиле ато намудааст, ки на ҳар ҳунарпеша чунин қобилият дорад. Вай метавонад ба осонӣ ҳам дар мазҳака, ҳам дар фоҷиа ва ҳам дар филмҳои даҳшатангезу ҷангӣ нақшҳои ҷолиб офарад. Дар баробари актриссаи бомаҳорат буданаш Ха Чжи Вон ҳамчунин овози дилнишин дошта, ҳанӯз соли 2003 албоми таронаҳояшро таҳти унвони "Home run" сабт ва пешкаши мухлисони сершумор гардонидааст. Ба серкориаш нигоҳ накарда, вай ҳамчунин дар клипҳои сарояндагони машҳури Куриё аз қабили WAX, KCM, Rain и ва дигарон нақш мебозад.
Кӯдаки бомаҳорат
Ҷон Хэ Римро ҳанӯз дар овони мактабхониаш ба нақшофарӣ дар синамо ҷалб намуда буданд, баъдан ӯ ба Донишгоҳи Данкук ба факултети санъат дохил шуда, онро бо дипломи бакалавр аз рӯйи ихтисоси телевизион хатм намуд. Ҷон Хэ Рим иқрор шудааст, ки ба хотири аввалин менеҷераш, ки ҳамзамон ишқи нахустинаш буд, ба худ тахаллуси Ха Чжи Вонро гирифтааст.
Ха Чжи Вон аввалин маротиба соли 1996 дар филми «Взрослые знают» нақши дуввумдараҷаеро бозида буд. Коргардонҳои синамо ҳунару истеъдоди хуби ин духтарчаи зиракро пай бурда, баъди ин ӯро боз ба чанд филми дигар даъват карда бошанд ҳам, нақшҳои бузург ва мондагор намедоданд. Танҳо пас аз “Правдивая игра” номи ин ҳунарпешаи ҷавон вирди забони мардум гашт, зеро дар ин филм Ха Чжи Вон нақши президенти фан клубро мебозид. Образи дар ин филм офаридааш дар сарнавишти ин ҳунарманди ҷавон нақши асосиро бозида, Ха Чжи Вон соҳиби ҷоизаи “Нақши беҳтарини занона” гашт. Баъдан дар филми “Дитто” вай як нақши кӯчак, вале бисёр аҷоиб офарида, бори дуюм ин ҷоизаро соҳиб шуд...
Маликаи хунхор, вале маҳбуб
Ха Чжи Вон бисёр мехост ҳунару маҳорати хешро дар филмҳои даҳшатангез-ужас низ санҷида бинад, аз ҳамин хотир, вақте ки сенарияи филми “Королева ужасов”-ро ба ӯ пешкаш намуданд, дарҳол розигӣ дод. Вай нақши маликаи хунхорро чунон олиҷаноб офарид, ки баъди ин филм Ха Чжи Вонро якбора ба ду филми дигари даҳшатангез даъват намуданд. “Кошмар” ва “Телефон” дар жанри фантастика ва ужас сохта шуда бошанд ҳам, ин филмҳо аз тарафи тамошобинон хеле гарм истиқбол гирифта шуданд. Ҳазорон-ҳазор одамон чашм аз экран наканда, ин се филми даҳшатангезро бо мароқи хоса тамошо мекарданд. Бо шарофати “Королева ужасов”, “Кашмар” ва “Телефон” дар сар то сари Куриё Ха Чжи Вонро ҳамчун актрисаи нотакрор эътироф намуданд ва номи ин зебосанам вирди забони хурду калон гашт...
Аз “ужас” ба мазҳака
Пас аз ин се филми пурдаҳшат ин ҳунарпешаи нотакрор ба ҳаҷву ханда рӯ оварда, дар филми мазҳакавии “Секса круглий нол” нақш бозид ва бори дигар актрисаи бе мислу монанд будани худро исбот намуд. Ин филм дар соли 2003 сертамошобинтарин филм дар сар то сари Куриёи Шимолӣ гашта, қимати эҷодии ҳунармандро боз ҳам болотар бурд. Акнун на ҳар коргардон метавонист ин актрисаи серхаридорро ба ҳамкорӣ даъват намояд, зеро Ха Чжи Вон барои нашқҳои нотакрораш гонорари калон талаб мекард.
Вақте ки орзуҳо гул мекунанд...
Шуҳрату маҳбубияти Ха Чжи Вон пас аз филми фоҷеавии “Дамо” даҳчанд гашта, ин ҳунарманди ҷавон бори сеюм соҳиби ҷоиза барои “Беҳтарин нақши занона” гардид. “Дамо” дар шабакаҳои интернетӣ низ тамошобинони сершумор пайдо намуд ва дар номгӯи “Маҳбубият дар байни истифодабарандагони интернетӣ” низ Ха Чжи Вон ғолиб омада, соҳиби ҷоизаи махсус шуд.
Ҳунарпеша дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки дар байни тамоми нақшҳои офаридааш “Дамо” мақоми хоса дорад, зеро ин филм бузургтарин орзуи гулкардаи ӯст.
Парвози мурғи шуҳрат
Филмҳое, ки Ха Чжи Вон дар онҳо нақш мебозид, на танҳо дар Куриёи Шимолӣ, балки дар саросари ҷаҳон тамошобинони зиёде пайдо карда, машҳур мешуданд. Ҳамин тавр, филми фоҷеавии “Хван Чжин И” номи ин ҳунарманди куриёиро дар Болгария вирди забони хурду калон гардонд. Ҳукумати Болгария ба ин ҳунарманди ҷавони куриёӣ барои офаридани нақши беҳтарини занона ҷоизаи “Сандуқи тиллоӣ”-тақдим намуд, ки аввалин ҷоизаи байналмиллалии ин зебосанам гашт.
Соли 2009 Ха Чжи Вон дар блокбастери “Цунами” нақш бозид ва филми мазкур панҷумин филми куриёие гашт, ки зиёда аз 10 миллион тамошобин дошт. Ҳамон сол барои нақши дар филми “Ближе к небу” офаридааш ин актрисаи бомаҳорат сазовори ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарини Куриёи Шимолӣ” гардид.
Боғи пурасрор
Соли 2010 ин ҳунарманди бомаҳорат дар драммаи “Таинственний сад” образи зани дилдодаро бозид. Ха Чжи Вон ва Хён Бин, ки дар филми мазкур нақши ошиқи ӯро мебозид, ҷуфти беҳтарин дониста шуда, соҳиби ҷоиза гаштанд. “Таинственний сад” на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ машҳур гашта, дар 13 мамлакати дунё намоиш дода шуд.
Гадодухтар чӣ тавр малика шуд?
Пас аз “Таинственний сад” Хи Чжи Вон дар филми таърихие нақш офарид, ки дар тамоми олам онро бо муҳаббати хоса тамошо карданд. Ин нақш шоҳбонуи қаҳрамон Ки буд, ки дар сарнавишти Куриё нақши хосеро бозида, номаш абадан дар сафҳаи китоби таърих сабт шудааст. Филм дар бораи Сунян ном духтараки азияткашидае нақл мекунад, ки аз марги даҳшатангези модар ва шикастҳои пай дар пайи тақдири талхаш руҳафтода нашуда, бо ақлу тадбири хеш тамоми ҳилаву найрангҳои вазири лозим ва дигар хоинони давлатро фош месозад. Сунян аз шоҳзодаи аблаҳе, ки ҳатто саводи хондану навиштан надошт, марди ҳақиқӣ ва шоҳи далеру шуҷое месозад, ки баҳри дифои кишвараш аз душманон ба ҷонбозиҳо қодир аст. Дар охири филм худи Сунян ба тахти шоҳӣ нишаста, номи “Императриса Ки”-ро мегирад ва чандин сол мамлакатро одилона идора менамояд...
Духтаре, ки чил ҳунар дорад
Ҳар гоҳ сухан дар бораи Ха Чжи Вон равад, касоне, ки ӯро аз наздик мешиносанд, сар ҷунбонда мегӯянд: “Ин духтар не, кони ҳунар аст!”
Дар ҳақиқат ин ҳунарпешаи ҷавон он қадар ҳунарҳое дорад, ки ҳатто мардҳои паҳлавон нисфи онро надоранд. Дар филми боевикии “Сектор 7” ин актрисаи бомаҳорат рондани мототсикл, шиноварӣ дар зери об ва дигар трюкҳоро бевосита худаш иҷро намудааст. Ҳангоми банаворгирии филми “Корол двух сердец” бошад, вай бебокона саҳнаҳои занозаниро бе кӯмаки дублёр мустақилона иҷро намуд, зеро қабл аз оғози наворгирӣ чанд моҳ машқҳои ҷангӣ гирифта, дилпур буд, ки дилхоҳ мардро зада маъюб карда метавонад. Умуман, Ха Чжи Вон ҳамеша ба майдончаи наворгирӣ бо тайёрии пухта омада, пеш аз оғози филмҳояш моҳҳо машқ мекунад, то ки нақши меофаридааш табиӣ ва боварибахш барояд. Ба хотири филми “Секса круглий нол” актриса аэробикаи варзишӣ, барои “Дуэлянта” сунмудо, бари “Чудо на 1-вой улитсе” муштзанӣ, барои “Как один” тениси рӯйи мизиро омӯхтааст. Ха Чжи Вон баъзан ҳангоми наворгирӣ захм бардошта, маъюб мешавад, вале новобаста ба ин, мисли шоҳбону Ки ҳеҷ гоҳ ақиб нагашта, кори оғоз намудаашро бо кадом қиммате, ки набошад, ҳатман ба охир мерасонад.
Паричеҳраи хайрхоҳ
Ха Чжи Вон дар баробари ҳунарпешаи маҳбуб буданаш фаъолона бо корҳои хайриявӣ машғул аст. Фонди хайриявии “Снова улибка”-ро маҳз ҳамин актрисаи машҳур ташкил карда, мунтазам ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ноқис ёрӣ мерасонад. Ногуфта намонад, ки барои фаъоияти хубу намунавиаш дар ин самт низ Чжи Вон соли 2008 аз ҷониби “Family Month Evint “ сазовори ҷоизаи махсус гаштааст. Ногуфта намонад, ки Ха Чжи Вон маҳорати нависандагӣ низ дорад ва даромади аз фурӯши китоби аввалинаш бо номи “Этот момент” ба даст омадаро пурра ба табобати кӯдакони гунг ва кар сарф намудааст.
Маликаи синамо арӯс мешавад?
Мутаасифона, дар бораи фаъолияти эҷодии ин ҳунарпешаи боистеъдод дар интернет маълумот фаровон бошад ҳам, дар бораи ҳаёти шахсии ин маликаи ҳунар қариб, ки чизе нест. Фақат ҳамин қадараш маълум аст, ки Ха Чжи Вон мардҳои бо дасту панҷаеро, ки хӯрокҳои бомазза мепазанд, меписандад. Ин зебосанами машҳур боварӣ дорад, ки барои бунёд намудани оила дӯсти наздик аз ошиқи бевафо сад маротиба беҳтар аст.
Моҳи августи соли равон овозае пайдо шуд, ки Ха Чжи Вон бо актёри 32-солаи тайландӣ Чен Болин муносибатҳои ошиқона дорад ва ин ду ситораи синамо ба наздикӣ тӯйи арӯсиву домодӣ ороста, зану шавҳар мешаванд. Сабаби пайдо шудани чунин овоза дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар рӯйхати дӯстони ҳамдигар номнавис шудани ин ду ҳунарманд буд. Ха Чжи Вон муқобили ин хабарҳо баромад намуда, овозаҳоро бе асос хонд. Ба қавли ин маликаи синамо онҳо танҳо як маротиба дар Куриё вохӯрдаанд ва ин вохӯрии корӣ буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам дӯст бошанд ҳам, баъди ин вохӯрӣ онҳо ягон маротиба ҳатто суҳбат накардаанд....
Шаҳло Ниёзова