Дар шаҳри Остона «Бозори XIV байналмилалии хайриявии – ASA» бо иштироки 47 давлат ва ташкилоти хориҷӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии хайриявӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, диаспораҳои тоҷик иштирок доштанд.
Ғурфаи Тоҷикистонро маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили маҳсулоти ширкати қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширин», корхонаи истеҳсоли об ва маҳсулоти машруботии «Сиёма», ширкати «Асрори санг», асбобҳои мусиқӣ, саноати дастӣ, донагию мева, ғизоҳои миллӣ ва либосҳои тарроҳони шинохтаи тоҷик зери нишони «Бренди миллии Тоҷикистон» бо сабки хоса ороиш доданд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.
“Дар ин чорабинӣ тамоми давлатҳои хориҷӣ маҳсулоти истеҳсоли ватании худро ба фурӯш гузошта, маблағи онро ба хона-интернат ва ятимхонаҳо интиқол доданд. Гӯшаи Тоҷикистон ба иштирокдорони чорабинӣ, ки зиёда аз 10 000 нафар буданд, писанд омада, теъдоди харидорони маҳсулоти ватанӣ зиёд буд”-навиштааст манбаъ.