Ширкатҳои соҳаи IT-и Тоҷикистон дар Амрикову Ҷопон муаррифӣ шуданд
91

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро рушд дода, дар соли 2025 бо Амрико, Ҷопон, Эрон, Чин, Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо маълумот дода, гуфт: «Бо мақсади амалӣ гардонидани гузариши пурра ба низоми рақамӣ, харитасозии самаранокии равандҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар раванди рақамикунонӣ бо 50 вазорату идораи дахлдор нақшаҳои муштараки амал ба имзо расонида шуданд”.

Дар рафти нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои соҳа дар сатҳи байналмилалӣ дар Амрикову Ҷопон форумҳои соҳавӣ баргузор гашта, дар он иқтидори ширкатҳои соҳаи IT-и Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.

Айни замон 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо бо зиёда аз 900 намуд хизматрасонӣ ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо пайваст шуда, интернет-портали ягонаи давлати ehukumat.tj ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шудааст, ки дар доираи он сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид гаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД