Санаи 5-уми январ дар сабти мустақими телевизиони «Сафина» бозии бурдноки «Чархи иқбол» баргузор гардид, ки зимни он смартфон, ноутбук, телевизор, PlayStation ва шоҳҷоиза-3 автомобили SKODA RAPID аз ширкати ZET-MOBILE аз ҷониби муштариён бурд карда шуд.
Дар аксияи мазкур қариб тамоми муштариёни ширкати ZET-MOBILE ширкат варзиданд, ки шарти асосияш харидорӣ намудани ID бо нархи 2 сомонӣ буд. Ғолибон бо кӯмаки лототрон интихоб карда шуданд.
Шоҳҷоизаҳо-3 автомобили тамғаи SKODA RAPID насиби сокинони шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Восеъ шуданд. Иштирокчии бозӣ Абдуқаҳҳор Раҷабов ҳамагӣ бо 3 ID автомобил бурд намуд.
«Ман 3 СМС равон намуда, ҳамагӣ 6 сомонӣ сарф карда, мошин бурд кардам. Ростӣ, то охир ба бурд карданам бовар надоштам. Аз ширкати ZET-MOBILE барои чунин бозии шаффоф сипосгузорам»,-қайд намудааст ғолиби бозӣ, сокини шаҳри Душанбе Абдуқаҳҳор Раҷабов.
Маросими ботантана супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон дар офиси асосии ZET-MOBILE дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Туҳфаҳо аз ҷониби директори генералии ширкати ZET-MOBILE ба ғолибони хуштолеъ супорида шуд.