Чанде пеш хабари як таксистро корд задани мусофир дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Ширкати ЯК-Такси -1111 барои пешниҳод намудани маьлумот вобаста ба шахсе, ки ронандаи ин ширкатро бо ҳафт корд захмӣ кардааст, дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ мукофот медиҳад. Ширкат дар сомонаи худ навиштааст, ки махфияти хабардиҳанда кафолат дода мешавад.
Агар шумо дар бораи ин ҳодиса маълумоте доред ё макони буду боши шаси ба таксист ҳамла кардаро медонед, ба ширкати Як-таксӣ таксӣ муроҷиат намоед.