Баробари сар шудани фасли зимистон аксарияти бонувон бо умеди ҳифз намудани пӯсти рӯй ва бадан аз сармову ҳавои хушки утоқҳо чандин намуди малҳаму воситаҳои косметикиро ба кор мебаранд. Эҳтимол на ҳамаи бонувон медонанд, ки ба ғайр аз истифода бурдани малҳаму воситаҳои косметикӣ боз чанд қоидаи махсус вуҷуд дорад, ки ҳатман бояд онро ба эътибор гирифт.
Қоидаи 1
Аввалин чизе, ки бояд бо оғози фасли сардиҳо дар хонаи шумо пайдо шавад, ин асбоби ҳавонармкунонӣ аст. Дар акси ҳол шумо пӯсти худро хушк мекунонед. Таҷҳизотро дар хонаи хоби худ васл намуда, танҳо шабона фаъол намоед ва дари хонаи хоби худро каме кушода монед, вагарна хона буғ мекунад. Агар чунин имкон надошта бошед, сачоқеро дар об тар карда, ба ягон ҷои хонаи хобатон гузоред, то ки ҳавои хона хушк набошад.
Қоидаи 2
Ҳангоми оббозӣ аз маҳлулҳои кафки зиёддоштаи шустушӯӣ истифода набаред. Маҳлулҳои мағзобадор пӯстро аз андоза зиёд хушк мекунанд. Собуну маҳлулҳои серкафкро барои шустани ҷойҳои марҳамона, таги каш ва пойҳо истифода баред. Агар шумо бе гели шустушӯӣ оббозӣ карда наметавониста бошед, ҳамон намудашро интихоб намоед, ки кафки зиёд надошта бошаду баъди оббозӣ пӯстатон хушк нагардад.
Қоидаи 3
Азбаски дар фасли сармо пӯст аксаран хушк мегардад, бештар малҳами равғанинро истифода бурдан лозим аст. Малҳамҳои ғизобахшро ду соат қабл аз кӯчабароӣ молидан лозим аст, вагарна намии малҳам дар ҳавои сард боиси шамолкашии пӯст мегардад. Рафту дар пӯсти рӯятон сурхичаҳо мебаромада бошанд, молидани малҳамҳои ғизобахшу равғанин таъсири манфӣ мерасонад.
Қоидаи 4
Дар рӯзҳое, ки ҳаво сард аст, ҳатман дастпӯшак пушед. Агар ангуштонатон ях карда бошанд, дарҳол дастонатонро ба оби гарм назанед. Чунин тағйирёбии ҳарорати бадан боиси васеъшавии рагҳо мегардад. Сараввал дар дохили утоқ гарм шаведу баъдан дастони худро гарм кунед.
Қоидаи 5
Дар ҳавои сард ҳангоми дар берун қарор доштан бо забон лабони худро лесидан боиси он мегардад, ки пӯсти лаб кафида, шамол мекашад. Ҳангоми ба берун баромадан лабсурхкунаки гигиенӣ ё малҳами равғанинро истифода баред.
Қоидаи 6
Боз як мушкилие, ки дар фасли сармо бонувонро азият медиҳад, ин пӯстпарто шудани пӯст аст. Барои рафъи ин мушкилӣ аз малҳамҳои дорои карбамид (мочевина) истифода баред, чунин малҳамҳо пӯстро хеле хуб нарм кунонида, аз ифлосиҳо тоза мекунанд.
Қоидаи 7
Барои он ки пӯст дар фасли зимистон хушк нагардад, ба ғизои худ диққат диҳед. Ба хӯрокҳои худ равғани растанӣ илова намоед ва бештар моҳии равғанин истеъмол кунед. Аз истеъмоли ширинии зиёд худдорӣ намоед, ширинӣ ба сифати чарби пӯст таъсир мерасонад ва сабабгори пайдо шудани сурхиҳои пӯст мегардад.