Маҳсулоти лозима:
- 100 грам – маска
- 60 грам – равған
- 80 грам – ҷурғот
- 15 грам – какао
- 10 грам – маводи ковокунанда
- 5 грам – ванелин
- 300 грам – орд
Барои ороиш:
- 360 грам – шакар
- 400 грам – об
- 1 порча - лимон
Тарзи таҳия:
Дар зарфе шакар ва об якҷоя карда, ба он 1 порча лимон илова мекунем ва баъди ҷӯшиданаш 10 дақиқа дар оташи паст мегузорем. Шарбатро мемонем хунук шавад. Дар зарфи дигар маска, равған, ҷурғот, уксус ва ванелин илова карда омехта мекунем. Баъдан ба он орд ва маводи ковокунанда илова карда, бо дастамон хуб омехта мекунем.
Баъдан, зуволаро ба 2 қисм тақсим мекунем ва ба зарфҳои алоҳида мегирем. Ба яктаош 1 қошуқ орд ва ба дигараш 1 қошуқ какао илова мекунем. Пас аз он зуволаҳоро орд карда, бо ғалтак тунук мекунем ва бо стакон мебурем. Зуволаҳои буридаро якто сиёҳ якто сафед гузошта тоб медиҳем.
Ба қолаб равған молида шириниҳоро дар он мегирем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то пӯхтанаш меистад. Баъди пӯхтанаш шириниҳоро мемонем хунук шаванд ва аз болояш шарбати омодакардаро мерезем ва 2 соат мемонем дам гирад. Барои ороиши болояш метавонед мувофиқи табъи худ пистаи майдакарда монед.
Бо иштиҳо бошед!