Маҳсулоти лозима:
200 грамм биринҷ, 3 қошуқ шакар, намак, 15 грамм мавиз, 15 грамм ғулинг, 1,5 истакон об, 250 мл шир, 10 грамм равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Биринҷро шуста, дар 1,5 истакон об ба ҷӯшонидан расонед ва муддати 7 дақиқа бо қошуқ кофта истода, онро ҷӯшонед. Баъдан ба ширбиринҷ шир, намак, шакар, мавизу ғулинги резаро илова карда, муддати 7-10 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед. Ба ширбиринҷи тайёр равғани маска илова карда, 5 дақиқа нигоҳ доред.