Дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз 15 дақиқа) ҷӯшонидани шир боиси тағйирёбии сохтории сафедаҳои арзишманд мегардад. Бинобар ин, вақте ширро мепазед, пас аз ҷӯшидан онро фавран аз рӯйи газ бигиред.
Шири гарм бо равғани гудохташуда ва асал барои гирифторони шамолкашӣ ва бемориҳои буғумҳо ба мисли артрит ва артроз муфид буда, инчунин мушкилоти системаи асабро бомуваффақият бартараф мекунад.
Шир бо илова кардани занҷабил масуниятро зиёд ва иммунитетро пурқувват намуда, кори тамоми узвҳои баданро беҳтар месозад.