Салом хонандаҳои азиз. Ман Мавлон, падари 3 фарзанд. Ману ҳамсарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудаем. Зиндагиамон хуб буд, вале баъд маро аз ҷойи корам ихтисор карданду ночор роҳи Русияро пеш гирифтам. Ду сол аст, ки ба қавле муҳоҷирам.
Бо дипломи муҳандисӣ дар сохтмон коргари одӣ шуда кор мекунам. Ҳоли муҳоҷирон дар Русия ба худатон маълум, гоҳ кор меёбем, гоҳ не. Занам ҳар рӯз занг зада доду вой мекунад, ки агар хона нахарӣ, ман аз хизмати падару модарат даст кашида, баромада меравам.
Мефаҳмонам, ки хона харидан кори осон нест, камтар тоқат кун, ҳамин, ки пули кироӣ ҷамъ кардам, мехарем, вале занам худашро ба девонагӣ зада дод мегӯяд, ки мард нашуда мур, ҳунари хона харидан, ки надоштӣ, барои чӣ зан гирифтӣ. Ду пояшро дар як мӯза андохта истодааст, ки агар хона нахарӣ, талоқамро деҳ.
Рӯзҳои охир телефонашро намебардорам, чунки доду фиғони занам ҷонамро ба нӯги биниам овардааст. Ман дар оила як писар ҳастам, чӣ хел падару модарамро партофта равам?
Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Падару модарамро монда равам, айб аст, ҷавоби занамро диҳам, се фарзандам ятим мешаванд. Илтимос, ба мани роҳгумзада маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?