Ман Нозанини 18-сола, аз як ноҳияи тебои марказ ҳастам. 8 моҳ қабл ба шавҳар баромадам. Қабл аз тӯй шавҳарамро надида бошам ҳам, баъди тӯй бо шавҳарам зуд унс гирифтем. Якдигарро дӯст медорему ҳурмат мекунем. Ҳар хоҳишу дархосте шавҳарам нисбати ман мекунад, қабул кардаам, аз хати кашидааш намебароям. Хусуру хушдоманамро ҳурмат мекунаму тамоми кору бори хонаи сермеҳмонашонро дар танҳоӣ анҷом медиҳам. Нисбати шавҳару хушдоманам эрод надорам, вале ман як хоҳаршӯи эрка дорам, ки бо нозу нуз ва дахолаташ ба зиндагии шахсиямон ҷонамро ба лабам овардааст. Азбаски падарарӯсам марди доро асту барои домодаш, яъне шавҳари қайсингилам мошину хона харида дода, рӯзгорашонро пурра таъмин мекунад, зану шавҳар чунон тайёрхӯр шудаанд, ки гумон мекунанд вазифаи хусурам то охир хӯрондану пӯшондани онҳо бошад. Худо накарда шавҳарам барои ман ягон либосу ҷавоҳирот харида диҳад ё ба ягон тарабхонаву истироҳатгоҳ равем, қиёмат қоим мегардад. Эркадухтари шаттоҳ қаҳр карда, ҳафтаҳо ба хонаашон намеояду падарарӯсам ноилоҷ ба онҳо пули калон равон карда, дили духтарашро ёфта, ӯро ба хона меорад. Шавҳарам аз ин қилиқҳои хоҳараш асабӣ шуда, зану шавҳарро ба ҷояшон шинонидан мехоҳад, вале ман садди роҳаш шуда, намехоҳам байни акаву хоҳар дилсардӣ сар занад. Эҳсос мекунам, ки рӯзе шавҳарам ҳатман ҳама гапро ба рӯяшон гуфта, ҷанҷоли калон барпо мегардад.