Formula novemver 2024
ШИКОРИ ЗАНҲОИ РОҲЗАН
05.09.2020
ОИЛА
8506

Ман корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастам. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта кор мекунем, то ҷомеаро аз ҳар хел хасу хошок пок созем. Чанде пеш Дилафрӯз ном зани фоҳиша ба дасти мо афтид.

Ӯро дар роҳи Душанбе-Турсунзода ҳамроҳи чор ҷавони бангӣ дастгир намудем. Барои раҳо ёфтани ҷонаш ин зани беҳаё рӯйирост пешниҳод кард, ки агар ӯро ҷавоб диҳам, як шабро ба ман мебахшад. Гиребони тавба дошта, ҳамаашонро ба мошин бор карда ба шуъба овардам. Пас аз ҷарима шудан фоҳиша Худоро ба ёд оварда, гӯё аз карда пушаймон шуд. Барои он ин ҳодисаро рӯйи коғаз овардам, ки чунин занони беҳаё кам нестанд. Дирӯз нисфишабӣ зане мошинамро нигоҳ дошта бе пурсу суроғ дари пешро кушод ва “ҳамин шаб маро бо худ гир, ки дар хунукӣ мемурам” гӯён, зорию тавалло кард. Аввал худамро шинос накарда, майлаш гуфтам, вале баъд зан чунон найрангҳое кард, ки ҳуш аз сарам парид. Ошкоро чӣ хостанашро пурсидам.

Гуфт, ки мехоҳад шабро дар оғӯши ман саҳар кунад. Дар ҷавоб чизе нагуфтам. Зан табассумкунон телефонашро бароварда гӯё бозиро сар кард, вале ман бо қирраи чашм медидам, ки ба касе СМС навишта истодааст. Вақте паёмакро навишта тамом кард, чанг зада телефонро аз дасташ гирифтам. СМС-и навиштаашро хондаму ҳуш аз сарам парид. “Орифҷон, ман қарзи туро ҳамин шаб бармегардонам. Сайд ба домам афтид, агар корам барор гирад, дору хӯронда пулҳояшро медуздам” навиштааст зани маккора. Ҳуҷҷатамро бароварда нишон додам, ҷонҳавл аз мошин парида гурехт. Барои ҳамин аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ки эҳтиёткор бошанд, шабу нисфишаб ба кӯчаҳо набароянд ва бо ҳар хел занҳои сабукпо алоқа накунанд, ки оқибати хуб надорад.

Маъруф, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД