Раҷабмоҳ Юнусова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи №134-и шаҳри Ваҳдат мебошад. Ӯ пас аз пош хӯрдани оилааш бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ монда буд, зеро на маълумоти олӣ дошт ва на касбу ҳунаре, ки мояи даромадаш гардад.
Ҷавонзан намедонист бо ду тифли хурдсол сарашро ба кадом дар занад, аммо...
Амакаш ба Раҷабмоҳ маслиҳат дод, ки аз шикасти бахт рӯҳафтода нашуда, ба ягон донишгоҳ дохил шавад, зеро ӯ ҳанӯз хеле ҷавон ва зиндагиаш дар пеш аст.
Ҳамин тавр бо маслиҳати ин марди дурандеш Раҷабмоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгорӣ супурда дохил шуд ва баъди чанд сол бо сари баланд донишкадаро хатм намуда, соҳиби диплом гашт.
Инак, муддати 20-сол мешавад, ки Раҷабмоҳ Юнусова дар соҳаи маориф фаъолият менамояд ва касбашро самимона дӯст медорад. Кор бо хурдсолон барояш мояи ифтихор буда, ба ӯ нерӯ мебахшад. Муаллима Раҷабмоҳ Юнусова аз шикасти бахт нашикаста тавонист ба танҳоӣ фарзандонашро хӯронад, пӯшонад ва тарбияи нек диҳад. Шавҳараш дар бадали ин солҳо ягон бор аз ҳоли бачаҳояш хабар нагирифтааст ва кӯмак ҳам намерасонад, ҳарчанд онҳо бе ягон ҷангу ҷанҷол ҷудо шуда буданд ва то ба ҳол худи зан сабаби вайрон шудани оилаашро намедонад.
Биёед, достони зиндагии ин зани муборизро аз забони худаш бишнавем. (Видео)