Фариштаи Фурайдон аз зумраи бонувони муваффақ аст, ки ҳам дар ҷодаи санъат ва ҳам дар соҳибкорӣ мавқеи худро касб кардааст.
Ин зебосанам соҳиби як духтарчаи нозанин бо номи Меҳрона мебошад. Ҳарчанд аз бахт хушӣ надида бошад ҳам, Фаришта ба оянда назари нек дорад.
Қаҳрамони мо роҳҳои печ дар печи санъатро тай карда, ба қуллаи муваффақият расидааст, вале ба ин иктифо накарда, ба соҳибкорӣ рӯ овард ва кошонаи ҳуснро бо номи “Ангел” кушодааст. Фаришта бонуи хушбин буда, зебоиро дӯст медорад . Маҳз ба ҳамин хотир кошонаи ҳусн кушодааст, то дигар занҳои тоҷик низ зебову ороста бошанд.