arzon replenishment
Шикастани ангуштарин дар хоб шикасти бахт аст?
8773


Шаби гузашта хоб дидам, ки ангуштарини тиллоиям шикастааст. Ростӣ дилам хиҷил шуд, зеро мегӯянд, ки ангуштарин рамзи бахт асту дар хоб ангуштаринатро гум кунӣ аз ҳамсарат ҷудо мешавӣ. Гум кардани ангуштарин нишонаи ҷудоӣ ва шикасти бахт бошад, таъбири шикастани чалла дар хоб чист?
Шукрона, сокини ш. Душанбе

Посух
Мувофиқи хобномаҳои исломӣ ангуштарин дар хоб таъбирҳои зиёде дорад. Мард хоб бинад, ки дар пояш ҳалқаи тилло ё нуқра андохтааст, ба сараш бадбахтӣ ва ғаму андӯҳ омада, ба зиндон афтоданаш имкон дорад, вале зан хоб бинад, ки дар пояш ҳалқа андохтааст, дар ҳаёташ ягон дигаргунӣ ба амал меояд.
Шикастани ангуштарин дар хоб хосияти хуб надорад. Дидани чунин хоб аз талоқ ва ба вуҷуд омадани ҷудоӣ дар байни зану шавҳар дарак медиҳад.
Марде, ки занаш ҳомиладор аст, агар хоб бинад, ки дар дасташ ангуштарини тиллоист, ҳамсараш писар таваллуд мекунад.
Марди мансабдор хоб бинад, ки ангуштарини дасташ шикастааст, ӯро аз вазифа сабукдӯш месозанд, вале худаш ангуштаринашро дар хоб аз дасташ бигирад, аз ҳамсараш ҷудо мешавад.
Зан дар хоб ангуштарини худро аз дасташ бигирад, шавҳараш аз дунё гузашта, бева мемонад.
Шахси муҷаррад хоб бинад, ки ба дасташ ангуштарин андохтааст, хеле зуд оиладор мешавад. Ба зан дар хобаш касе ангуштарин тӯҳфа кунад, ба шавҳар мебарояд ё соҳиби фарзанд мешавад.
Ҳазрати Муҳаммад (С. С) дар хоб ба касе ангуштарини нуқрагин ҳадя намояд, он шахс обрӯманд ва бадавлат мешавад, вале ангуштарини туҳфашуда тиллоӣ ё оҳанӣ бошад, хоб чандон хосияти хуб надорад. Дидани ангуштарини чӯбин дар хоб рамзи зани дурӯя ва маккор аст. Ангуштарини ғафси мардона аз боло рафтани мақому обрӯи шахс ва ба даст овардани сарвату боигарии зиёд дарак медиҳад.
Ҷавонмард хоб бинад, ки ба касе ангуштани фиристодааст, вале онро қабул накардаанд, хостгориаш ба ягон зебосанам рад карда мешавад. Ёфтани ангуштарин дар хоб хеле хуб буда, аз тавлиди фарзанд, тӯйи арӯсӣ ва ё даромади калоне дарак медиҳад, ки бо кӯмаки ягон шахси бегона ва хориҷӣ ба даст меояд.
Афтодани нигини ангуштарин дар хоб хосияти хуб надошта, дидани чунин хоб ба марги фарзанд, ҳамсар ва ё ягон одами наздики шахси хоб дида ишорат менамояд.
Одам хоб бинад, ки ангуштарини нуқтагинро ба дасташ андохта истодааст ва дилпур бошад, ки ин тӯҳфаи илоҳӣ аст, ин нишонаи қавӣ гаштани имону эътиқоди ҳамон шахс буда, аз саодатманд гаштанаш дар ду олам дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Оишабону 2023-08-14, 08:07
Ангуштарин аз дастам уфтод аз пушташ давидам ба дарё рафт дугонаам ёфт шикаст баьд ба ман дод гиря кардам чи таьбир дорад 18 сола хастам оиладор нестам
Посух
Ойша 2023-08-17, 10:04
Салом хоб дидаам ангуштарини нукра аз як хамкорам гирифтам дар дастам кардаам баъди чанде мебинам ки ангуштарин камтараш шикастааст дар дастам аст аммо камтар шикастаасту занг задаст илтимос чавоб дихед чи таъбир дорад
Посух
Сомонаи Oila.tj Ойша 2023-08-18, 08:58
Салом. Ташаккур барои шарҳ. Таъбири хоби шумо дар матлаб пурра аст. Лутфан, то охир хонед. Сипоси зиёд!
Посух
Мадина 2023-10-21, 09:44
Хоб дидам ки 2то ангуштарини тиллоиро ба 2 дустам фурӯхтам! Тадбираш чи мешуда бошад.🤔
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Оишабону 2023-08-14, 08:07
Ангуштарин аз дастам уфтод аз пушташ давидам ба дарё рафт дугонаам ёфт шикаст баьд ба ман дод гиря кардам чи таьбир дорад 18 сола хастам оиладор нестам
Посух
Ойша 2023-08-17, 10:04
Салом хоб дидаам ангуштарини нукра аз як хамкорам гирифтам дар дастам кардаам баъди чанде мебинам ки ангуштарин камтараш шикастааст дар дастам аст аммо камтар шикастаасту занг задаст илтимос чавоб дихед чи таъбир дорад
Посух
Сомонаи Oila.tj Ойша 2023-08-18, 08:58
Салом. Ташаккур барои шарҳ. Таъбири хоби шумо дар матлаб пурра аст. Лутфан, то охир хонед. Сипоси зиёд!
Посух
Мадина 2023-10-21, 09:44
Хоб дидам ки 2то ангуштарини тиллоиро ба 2 дустам фурӯхтам! Тадбираш чи мешуда бошад.🤔
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД