Дар Ҳиндустон бори нахуст ҷонварони ваҳшӣ мубталои коронавирус гаштанд. Ҳашт шери боғи ҳайвоноти Ҳайдаробод аз COVID-19 сироят ёфта, ба мисли одамон бемориро вазнин пушти сар мекунанд. Қаблан дар боғи ҳайвоноти Бронкси Ню-Йорк ҳашт палангу шер моҳи апрели соли гузашта гирифтори COVID шуда буданд ва баъд аз ин дигар ҳолатҳои ба коронавирус мубтало шудани ҳайвонот ба қайд гирифта нашуда буд. Танҳо дар Гонконг сагу гурбаҳо сироят ёфта буданду халос. Ёдовар мешавем, ки Ҳиндустон аз рӯйи шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.