arzon replenishment
Шералӣ Кабир: Сифати либосҳои мактабӣ қонеъкунанда нест
404

"Мо ба корхонаҳои ватание, ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғуланд, пешниҳод кардем, ки либосҳои сабуктар дӯзанд ва арзиши он ҳам поёнтар мешавад. Чун аз моҳи март гармӣ оғоз мешавад, бояд либоси мактаббачаҳо сабук бошад, ин ба саломатии онҳо хуб аст ва зарур нест, ки дигар бо стандартҳои даврони шӯравӣ кор кунем". Ин нукта зимни нишасти хабарии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, ки мо дар ҷустуҷӯи роҳем, ки либоси сабуктар ва арзонтар барои фарзандони мову шумо дӯзонем ва он бояд ба стандартҳои “Тоҷикстандарт” ва дигар сохторҳои тасдиқкунанда мувофиқат кунад.

“Лекин дар ҳақиқат вазъияти имрӯза қонеъкунанда набуда, худи сифати маҳсулот дар бисёр корхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ман шахсан, як гурӯҳи калонро ба Туркия бурдем, бо чашми худашон диданд ва ба наздикӣ ба Милан ҳам рафта будем. 20 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии худиро бурдем, то бубинанд дӯхти либосҳо, на танҳо либосҳои мактабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад”,-таъкид дошт роҳбари ин ниҳод.

Шералӣ Кабир зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ матоъ истеҳсол карда истодаем, пахта низ, ришта ҳам ҳаст. Дигар маҳсулотҳо барои дӯхт дар Тоҷикистон ҳаст, фақат зина ба зина омӯзиш карда, ҳам чиҳати технологӣ ва ҳам касбияти дӯзандаҳоро боло бардорем.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав таҳлил карда баромадааст, ки дар ҷумҳурӣ танҳо 5 корхонаи дӯзандагие ҳаст, ки маҳсулоти онҳо ба стандартҳои содирот ҷавобгӯ аст.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳар сол падару модарон аз бесифатии либоси мактабие, ки корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мекунанд, шикоят мекунанд. Ба иттилои вазорат айни ҳол корхонаҳои ватанӣ 1 млн 79 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд ва дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатӣ, ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул аст, фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД