Arzon march 2024
Шайтон дар ниқоби фаришта фиребам дод
14.03.2022
ОИЛА
3327
no-img


Салом кормандон ва алоқамандони сомонаи “Оила тҷ.
Дилам кӯзаи зардоб гаштааст ва мехоҳам касе бошад, ки дардамро ба ӯ бигӯям, аммо чунин шахси наздик надорам, аз ҳамин хотир қарор додам, ки сарнавиштамро ба шумо нақл карда, каме ҳам бошад, дарду алами қалбамр сабуктар созам.


Дарди ман дарди ишқ аст. Дарди ишқи як духтари моҳрӯе, ки дар ниқоби фаришта зуҳур намуда, диламро рабуд, вале баъдан шайони дупо будашаро исбот кард. Ба воситаи ҳамкорам бо дӯхтаре шинос шудам, ки ба мисли парӣ зебо ва бар замми ин, шӯхтабибат буд. Ҳазлу шӯхиҳои намакинашро дӯст медоштам. Хислати дигараш, ки ба ман бениҳоят писанд омад, кинагир набуданаш буд. Ӯ мисли дигар духтарҳо қаҳрчӣ набуд, мабодо гапамон гурехта монад, ба мулоқот даъваташ мекардам, ноз накарда меомад ва ман ҳам бо чанд сухани ширин ранҷишро аз дилаш берун мекардаму боз мисли пештара ба ҳамдигармеҳрубон мешудем. Барои ҳамин хислатҳояш мани сода ин духтарро бо тамоми ҳастӣ дӯст доштам ва гумон мекардам, ки ӯ ҳам маро ҳаимн хел самимона дӯст медорад, вале ҳар гоҳ дар ин бора гап кушоям, маҳбубаам риштаи сӯҳбатро ба дигар тараф мебурд.
Хулласи калом, зиёда аз ду сол он паричеҳра маро байни ангуштонаш моҳирона тоб дода, мисли Маҷнун ошимқи шайдои худ гардонд. Ҳамеша ба наздам б чеҳраи хандон меомад ва чунон вонамуд мекард, ки маро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Мани сода дар дил хаёлан бо н зебосанам қасри бахт месохтам ва ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеомад, ки рӯзе дӯстдӯхтарамро дар оғуши марди дигар мебинам, вале...
Рӯзе аз рӯйи одат зангаш задам, то ӯро ба мулоқт даъват намоям, аммо гӯширо набардошт. Ба ташвиш афтида, чанд маротиба пай дар пай занг задан гирифтам. Ниҳоят гӯширо бардошт ва “ман дар назди дугонаам ҳастам, бароям худам телефон мекунам” гӯён, ба сӯҳбат хотима гузошт. Дилам худ аз худ сиёҳ шуд ва ба ҳавои тоза баромадам, то ки каме ҳам бошад, рӯҳам болида гардад. Аллакай намози шом шуда. вақти говгум буд ва вақти аз пушти девори ҳамсоя гузаштан тасодуфан ба гӯшаи садои пичир-пичири як марду зан расид. Овози зан ба гӯшам шинос намуд ва ҳисси кунҷковиам боло гирифта, аз роғи девор ба дарун нигҳ кардам. Кош кӯр шуда он манзараро намедидам! Духтаре, ки мани содадил ҳатто аз ҷонам бештар дӯсташ медоштам, худро ба оғӯши марди дигар афканда буд ва ҳарду “роҳат” доштанд. Ростӣ, чи тавр дод зада, худро ба он тарафи девор гирифтам, дар ёд надорам. Вақте ӯ маро дид, ҳамон замон парида аз ҷояш хест ва худашро гум карда, дасту пойҳяш ба ларза даромаданд. Намедонист чи гуфта худашро сафед кунад, охир чӣ ҳам мегуфт, ман ҳамаашро бо чашми худам дида будам. Чизе нагуфта қафо гаштам. Ҳарчанд аз қафоям садо кард, дигар овозаш ба гӯшам намедаромад...
Дунё дар назарам тираву тор гашта, зиндагӣ дар як лаҳза маънояшро гум карда буд. Намедонам бо кадом ҳол ба хона омадам. Дигар на аз гулӯям як луқма нон мегузашт ва на хоб ба чашмонам меомад. Шайтон васваса мекард, ки сирк-уксус хӯрда, худкушӣ кунам, аммо бо як азоб худамро ба даст гирифта, гиребони тавба медоштам ва ба худованд паноҳ бурда, “астағфуриллоҳ” мегуфтам.
Ҳамин тавр н шаби тира, ки ба назарам дарозтарин шаби зиндагиам буд, поён ёфта субҳ дамид. Субҳи навмедӣ! Субҳе, ки аз шаби тор ҳам тиратар буд.
Аз шаб то саҳар он духтари беҳаё зиёда аз сад маротиба аз чанд рақам занг зада бошад ҳам, гӯширо набардоштам. Саҳар ба ҷои корам омад, вале ба наздаш набаромадам. Чандин маротиба паёмак фиристод, ки ба наздаш бароям, аммо акнун ба назарам мисли Иблис менамуд ва рӯяшро дидан намехостам. Ҳамин тавр мо аз ҳамдигар ҷудо шудем.
Медонам, ки бевафои ман сомонаи ОИЛА. ТҶ-ро мехонад. Мехоҳам ба ин восита ин сомона ба ӯ бигӯям:


-Эй баднафси дурӯя, худро дар назарам хуб нишон медодӣ, аммо ту аз шайтон монданӣ надоштаӣ. Ҳайфи ишқи пок ва меҳрубониҳоям, ки ба сни марворид бароят арзонӣ медоштам. Кӯрнамак! Оё медонӣ, ки ишқ беҳтарин неъмати худованд аст, ки ба бандагонаш ҳадя мекунад?! Ҳайфи ду соли умрам, ки барои туи нохалаф сарф шуд. Худо шоҳид аст, ки чи қадар самимонаву содиқона дӯстат медоштам, вале ба қадри ишқи покам нарасида, ба рӯи музҳаббатам туф кардӣ. Пеши худованд дуо мекунам, ки ба бадтарин балоҳо гирифтор шавӣ, то бидонӣ, ки сӯхтан чӣ будааст. Медонам, ки пушаймонӣ, аммо дигар суде надорад. Дигар ба сурғам набиё, рӯятро дидан намехоҳам, шайтони дупо!
Алиҷон, аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД