Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Мирзиёевро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
“Ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд", - навиштааст дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Дар идомаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон нақши ҳамтои узбеки худро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намудаст.
Президенти Тоҷикистон ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоии хостааст. Дар баробари шодбошию таманниёт, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
"Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт", - омадааст дар хабар.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев 27 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Чанд рӯз қабл аз зодрӯз ӯ дигарбора дар интихоботи пеш аз муҳлати Раҳбари кишвари Узбекистон интихоб шуд. Вуруди барқияҳои шодбошӣ ва тамосҳои телефонии роҳбарони кишварҳою созмонҳои байналмилалӣ ба унвонии ӯ идома доранд.