(Идомааш)
Тақрибан пас аз як соли оиладорӣ Насрин писараки зебое таваллуд кард, вале ҳанӯз тифлакаш ду моҳа шуда тарбияи навзодро ба модараш вогузор намуда ба кор баромад. Ин рафтори занаш ба Салмон нафорад ҳам ба хотири вайрон нашудани муносибатҳояшон чизе нагуфт.
Зиндагии шоҳона
Бо гузашти солҳо Салмон ҳавлии зебои барҳавое харида зану фарзанд ва хушдоманашро кӯчонида бурд. Акнун онҳо гоҳ дар ҳавлӣ ва гоҳ дар хонаи дигарашон зиндагӣ мекарданд. Ҳаёташон шоҳона мегузашт, вале аз чизе танқисӣ надошта бошанд ҳам, Салмон, ки мансаби баланде дошт, аз дигар фарзанд таваллуд накардани занаш ғамгин мешуд. Барои хастагии серкорӣ ва ғубори дилашро баровардан, вай баъзан бо ёру дӯстонаш ба ягон тарабхона ё истироҳатгоҳ рафта шаб ба хона намеомад, Насрин бошад, гумони бад бурда аз рашк мисли мор ба худ мепечид. Ин зани эрка мехост ҳушу ёди шавҳараш танҳо ба вай банд бошад…
Хиёнаткор
Дар як маърака ҷавонмарди зебое, ки тоҷир будааст, чашм аз Насрин наканда, баъди анҷоми нишаст иҷозат пурсид, ки ӯро то хонааш гусел намояд. Зан хурсанд шуда бо табассуми пурноз розигӣ дод. Минбаъд ҳар бегоҳ Нозими пулмаст бо дастагули садбарги сафед ин ситораи телевизионро пешвоз мегирифт. Насрини беандеша зани шавҳардор буданашро аз ёд бурда бо марди ношинос ба тарабхонаҳо мерафт ва бо нозу адо ғизои шом хӯрда, то дер чақ-чақ карда менишаст. Нозими ҳаромхиштак ду зан дошт ва хуб медонист, ки Насрин ҳам шавҳар дорад, вале булҳавас, ки буд, мехост аз ин хонуми машҳур коми дил ситонда, баъд дар назди ошноҳояш «фалони маъшуқаи ман аст» гӯён, худситоӣ намояд. Оҳиста-оҳиста муносибатҳои онҳо ба бӯсу канор гузашт, дертар Нозим Насринро ба яке аз хонаҳои холияш, ки дар маркази шаҳр буд, мебурдагӣ шуд. Салмони бечора аз пайи ташвишҳои худ овора намедонист, ки занаш ба ӯ хиёнат мекунад, аммо беҳуда нагуфтаанд:”Дуздию ғарӣ пушти саргини хар!»
Занги бе ҷавоб
Салмон ду шаб дар хона набуд ва писарчаю ҳамсарашро сахт пазмон шуда, бисёр мехост ғизои шомро дар хона хӯрад. Чанд бор ба ҷойи кори занаш занг зада бошад ҳам, гӯширо касе набардошт. Салмон бо гумони он ки шояд Насрин дар ягон ҷо сабт дорад, ба хона занг зада ба хушдомани меҳрубонаш гуфт:
-Холаҷон, як ош пазед, ман Насринро аз ҷойи кораш мегираму барвақттар ба хона меоем…
Хушдоман дасту остин бар зада ба ошпазӣ сар кард, вале…
Таъқиб
Салмон ба назди корхонаи ҳамсараш рафта нав аз мошин пиёда шудан мехост, ки Насринро бо марди бегонае дар суҳбат дид. Аввал дилаш дур нарафт, вале ба мошини қимматбаҳои хориҷӣ нишастани ҳамсарашро дида дар ҷояш шах шуда монд. Вақте ки мошин ба роҳ баромад, марди ҳайратзада ба худ омада аз пайи онҳо мошин ронд. Мошин дар назди бинои баландошёнае қарор гирифта, аввал аз он Насрин фаромад ва зуд ба бино даромад, баъд аз чанд дақиқа ронанда низ аз қафои ӯ баромад. Салмон худро ба нодонӣ зада аз қафои мард зинаҳоро боло шуд ва дид, ки ӯ ба кадом ҳуҷра даромад. Хун дар рагҳои ҷавонмард ях баста, рӯи зинаҳои бетонӣ сарашро дошта нишаст. Аз байн чанд дақиқа гузашту зани русе бо сагчааш аз назди ӯ гузарон шуда пурсид:
-Писарам, аҳволатон хуб аст?
Салмон чизе нагуфта аз ҷояш бархост ва назди даре рафт, ки зани ҳалолу никоҳии ӯ бо марди бегона пушти он қарор дод. Хост дарро бо лагат зада кушояд, вале чун даст ба дастаи дар бурд, он кушода шуд. Соҳиби хона бастани дарро фаромӯш карда будааст…
Қурбонии хиёнат
Салмон вориди хона шуд. Аз тарафи дасти чап дари ҳуҷрае кушода буд ва аз он садои пасти мусиқӣ меомад. Ҷавонмард рост ба он ҷо даромад ва Насринро луб лучи модарзод дар бағали марди бегонае дид!!!
Бо ғазаб аз гардани Нозим гирифта ӯро ба тарафе ҳаво доду ба Насрини лолу карахт нигариста фарёд зад:
-Ман аз фикр карду онро ба чаккаи сари худаш монда гуфт:
-Ман дастонамро ӯ чӣ камӣ доштам?! Ба ту чӣ намерасид?!
Салмон
бо хуни ҳароми шумо олуда намекунам!
Мард якбора мили яроқро пахш кард… Садои даҳшатноки тир аҳли биноро нооором сохт ва дар як дам овоза шуд, ки занеро ҳамсараш сари хиёнат дошта худашро куштааст…
Дилошуб
Р/С
Қисса воқеӣ буда, танҳо номи қаҳрамонҳояш иваз карда шуданд. Аз ин воқеа солҳои зиёде сипарӣ шуда, Насринро ҳатто ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ин зани хиёнаткор дигар шавҳар накарда бошад ҳам, ҳамеша маъшуқаи мардони сарватманд буд. Ман низ шояд дигар аз ин воқеаи хунину нангин ёд намекардам, вале чанде пеш Насринро дидам… Ӯ акнун зани соҳибмансаб ва «баобрӯ» аст, вале бо ин бори нангин чӣ гуна метавонад зиндагӣ кунад? Инро нафаҳмидам….
Анҷом