Arzon march 2024
Шавҳаркуш (қисми 2)
22.04.2020
Дилошуб
2437

(Идомааш)

Ишқи духтари шаҳрӣ

Салмон он шаб то рӯз танҳо фикри Насринро кард. Симои базеб ва табассуми малеҳи духтар, раддаи марвориди дандонҳои муҷаллояш ҳеҷ аз пеши назараш дур намерафт. Ду рӯз ҷавон гаранг гашту рӯзи сеюм инони ихтиёр аз даст дода ба Насрин занг зад ва ӯро ба мулоқот таклиф намуд. Он рӯз ду ҷавон то нимаҳои шаб дар гулгашту хиёбонҳои Душанбе қадам зада бо ҳам рози дил гуфтанд. Баҳор бо тамоми нафосаташ ҷилвагарӣмекард. Таъсири ҷунунафзои баҳор буд ё Салмон дар ҳақиқат ошиқи зори ин духтараки шаҳрӣгашта буд, ки ба Насрин таклифи издивоҷ кард. Насрин хандидаю нозида бо шодии шармолуда гуфт:

-Ин ҷо агару магарҳои зиёде ҳаст. Агараш ҳамин, ки ман то донишгоҳро хатм накунам, шавҳар намекунам, магараш ин ки волидони ту духтари шаҳриро келин мекунанд ё не?

-Агару магарҳоро ман ҳал мекунам!-Бо шӯхӣдаст ба чаккааш бурда ҷавоб дод Салмон.

Ҳамин тавр ин ду ҷавони хушбахт аҳду паймон бастанд…

 

                   

Хостгорӣ

Акнун Салмон лаҳзае аз Насрин ҷудоӣ надошт, меҳри ин духтараки наҳифпайкари сабзинаи ширинзабон дар мағз-мағзи ҷонаш ҷо гирифта, ҳушу хаёлаш танҳо бо ӯ банд буд. Амаки Довуду холаи Сабоҳат хушдор ёфтани писарашонро шунида хурсанд шуданд, хусусан падараш ба духтари Ҷаббор Ҷобири машҳур ошиқ шудани Салмонро шунида аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Пиру кампир кулчаю талқон бардошта ба шаҳр бо садҳо умеду орзуҳои ширин хостгорӣрафтанд. Шоҳзодабону хостгорони духтарашро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт, зеро домодшавандаро аллакай хуб мешинохт. Насрин хурсанд буд, ки Салмони нозанини паҳлавон ва абрӯсиёҳ ҳамсари вай мешавад. Қудошаванда хостгорони қишлоқиро хуб обу иззат карда гуфт:

-Шумо ягон ташвиш накашед, ин хона хонаи Насрин аст, тавре ки мебинед, тамоми ашёи зиндагӣбарояшон муҳайёст. Падари Насрин аз муносибати ҷавонон огаҳ аст ва ба сад ҷон розист, ки Салмонро ба домодӣ қабул намояд. Як тӯйча мекунем, баъд ҷавонон то хона гирифтанашон бо ман зиндагӣмекунад. Писари ман дар Маскав кору зиндагӣмекунад, занаш рус аст ва нияти ба Тоҷикистон омадан надорад. Қалину қамчин даркор нест, ҷавонон бахт бинанд, барои мо кифоя аст…

Амаки Довуд «ин хел намешавад» гуфта ба дасти қудояш маблағи калонеро дод, ки ҳам арӯс ба худаш туҳфа хараду ҳам тӯйро гузаронанд. Ҳамин тавр рӯзи тӯй низ аниқ гашт…

Шаҳди висол

Насрин донишгоҳро хатм карду дар яке аз тарабхонаҳои бонуфуз тӯйи арӯсии ду ҷавон баргузор гашт. Насрин дар давраи наврасиаш бо чанд писар суҳбатҳои ошиқона карда бошад ҳам, Салмонро аз нигоҳи аввал бо ҷону дил дӯст дошта, ҳушу ёдаш фақат банди шавҳари азизи дилаш буд. Ҷаббор Ҷобир аз он шодмонӣмекард, ки духтараш ба ҳамдиёри худаш расидааст ва бо домоди оқилу доною зебояш ифтихор дошт. Пас аз тӯйи бошукуҳи шаҳрӣ амаки Довуд боз дар деҳа ҳам тӯй дод ва қудои машҳураш ҳофизони номии кишварро ҳамроҳаш бурда он қадар базмороӣкарданд, ки ногуфтанї. Холаи Сабоҳат писару келинашро чил рӯз дар деҳа меҳмон кард. Дасто ба даст ба тамошои боғоту даштҳои дилрабо рафтани домоду арӯс ҳаваси духтаракони деҳотро меовард. Баъзе духтарони аз Салмон умедвор лабашонро инҷ карда ба арӯсаки шаҳрӣэрод гирифта мегуфтанд: «Тавба, ҳамин якваҷабаи сиёҳак, ки на абрӯ дораду на мижгон чӣгуна тавонистааст, дили Салмон барин ҷавони зеборо ба даст биёрад?!» Дигарон тахмин мекарданд, ки шояд сарвату давлати падари арӯс дили Салмонро бурда бошад. Домоду арӯс гоҳо ин пичир-пичирҳоро шунаванд ҳам, дар олами худ зиндагӣмекарданд ва парвои ғайбати мардумро надоштанд.

Нахли умед

Моҳи асал ба охир расиду ҷавонон ба шаҳр баргаштанд. Насрин бо мусоидати падараш дар телевизон ба кор даромада дар як муддати кӯтоҳ ба эфир баромад, Салмон низ рутбаи баландтари ҳарбӣ гирифта соҳиби мансаб гашт. Акнун зану шавҳар якдигарро танҳо шабона медиданду халос, рӯзона ҳар кадом ба кори худ банд буданд. Тақрибан пас аз як соли оиладорӣ Насрин писараки зебое таваллуд кард, вале ҳанӯз тифлакаш ду моҳа шуда тарбияи навзодро ба модараш вогузор намуда ба кор баромад. Ин рафтори занаш ба Салмон нафорад ҳам ба хотири вайрон нашудани муносибатҳояшон чизе нагуфт.


(Охираш фардо шаб соати 21-00 )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД