Formula novemver 2024
ШАВҲАРИ УРУС НОЗАТРО МЕБАРДОРАД?
5337

 

Оилаи мо чандон бой набошад ҳам, ба касе зору муҳтоҷ нестем, азбаски ҳамаамон соҳибмаълумот ҳастем, бародаронам кайҳо хонаҳояшонро ҷудо карда, аробаи зиндагиашонро худашон мустақилона мекашанд.

Волидонам дар орзуи хонадор кардани ман буданд, вале духтари бадгашт набошам ҳам, талабгоронам чандон зиёд набуданд. Бисёриҳо сару либоси шинаму зебоямро дида, гумон мекарданд, ки ман духтари ҳавобаландам ва назарам ҳар хел ҷавонро намегирад, барои ҳамин бо нияти хостгорӣ қадамашонро ба хонаамон намегузоштанд. Ҳамин тавр синну солам торафт боло рафта умрам ба 30 расид, аммо дари бахтам ҳеҷ кушода намешуд.

Медонистам, ки дар ғайбам баъзе ҳамсояҳо ва ҳатто хешу табори худамон маро пирдухтар гуфта ба ҳолам механданд, барои ҳамин кӯшиш мекардам, ки дар назари мардум камтар намоям. Сахт зарур нашавад, аз хона намебаромадам. Ягона розшунав ва дилбардорам дугонаам буд, вале вай ҳам тез-тез ҳамроҳи модару бародаронаш ба Русия рафта меомад. Вақтҳои дар Русия буданаш ману Нилуфар тариқи вайбер суҳбат мекардем. Дугонаам «Мадина, то ба кай ту дар кунҷи хона пӯсида мешинӣ, охир барои бахт мубориза бурдан лозим аст, беҳтараш ба назди ман биё» гӯён, қариб ҳар шаб маро ба наздаш даъват мекард. Нилуфар ҳамтақдири ман буд, вале дар ҳамон мулки ғурбат бахташ кушода шуду соҳиби шавҳари хуб ва хонаи обод гашт.

Шавҳараш тотор бошад ҳам, дугонаам заррае аз бахт шикоят надошт, баръакс таърифкунон мегуфт, ки шавҳараш ҳомиладор шуданашро шунида, ӯро рӯйи даст бардошта мегардад ва намемонад, ки дасташро ба оби сард занад. Суханони Нилуфар дар дили ман шавқи сафар ба ин кишвари афсонавиро бедор намуд. Як рӯз суханро ба ин мавзуъ кашида ба модарам гуфтам, ки мехоҳам ба Русия коркунӣ равам. Аввал волидонам розӣ нашуданд, вале пас аз он ки бо Нилуфар гап заданд, фотиҳаи сафедам дода, таъкид намуданд, ки дар мулки бегона лаҷоми нафси худро ба даст бигирам ва обрӯйи онҳоро ҳаргиз нарезонам. Суханҳои наздиконамро ба гӯшам ҳалқа намуда, тараддуди Россияравӣ дорам, вале дар як масъала дудила ҳастам.

Метарсам, ки шаҳри бегонаю ҳаёти комилан нав маро ба коми худ фурӯ накашад. Нилуфар барин шавҳари хориҷӣ доштан мехоҳам, аммо метарсам, ки агар шавҳари ғайри тоҷик кунам, хешу табор ба рӯям туф мекунанд ва як умр таънашунави дӯсту душман мегардам. Аз ҳамин сабаб ба «Оила» муроҷиат намудам, то хонандагони саҳифаи «Муҳоҷир» ба ман ягон маслиҳати судманд диҳанд, зеро онҳо чандин сол дар Русия зиндагӣ кардаанд ва муҳити мулки русро хеле хуб медонанд.

Мадина, ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД