arzon replenishment
Шавҳари эрониаш ба рӯйи Гулбаҳор кислота пошиду...
6844

Солҳои охир шавҳари хориҷӣ кардан дар байни занону духтарони тоҷик “мӯд” шудааст ва хонумҳое, ки сурати зебою дилкаш доранд, кӯшиш мекунанд, ки бахти худро дар симои ягон марди сарватманди аҷнабӣ дарёбанд. Ба мардони афғон, эронӣ, турк ё араб ба шавҳар баромада, занони хомхаёли тоҷик гумон мекунанд, ки соҳиби шавҳари бою бадавлат шуда, минбаъд як умр мисли малика дар пулу мол ва зару зевар ғӯтта зада, зиндагӣ хоҳанд кард, вале издивоҷ бо миллати бегона метавонад боиси сар задани нофаҳмӣ, моҷаро ва ҳатто фоҷиаи хунин ва тақдирсӯз гардад. Сарнавишти Гулбаҳор Ашӯроваи 30-сола, ки шавҳари хориҷиаш аз рашк ба рӯяш кислота пошидааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Гулбаҳор ҳамагӣ 30-сол дошта, айни замон дар беморхонаи №3-и пойтахт байни маргу зиндагӣ қарор дорад. Шавҳари эрониаш аз рашк ба рӯйи ӯ кислота пошидааст. Марди бадрашк бо ин ҳам қонеъ нагашта, ба сар ва аъзои бадани Гулбаҳор чанд табар задааст.
Гулбаҳор Ашӯрова сокини ноҳияи Ҳисор буда, муввақатан дар ноҳияи Ёвон иҷоранишин буд. Моҳи апрели соли равон ӯ бо шаҳрванди Эрон Саид Ҳусейн Ризвониён ошно шуда, оила барпо намудаанд. Хушбахтии ҷавонзани тоҷик бо шавҳари эрониаш, ки қариб 20 сол аз худаш калон буд, дер давом накрада, ҳамагӣ пас аз ду моҳ аз ҳам ҷудо шудаанд, аммо бо ҳамин ин достони пурмоҷаро ба анҷом намерасад. Пас аз ҷудо шудан низ шавҳари 49-солаи эрониаш мудом Гулбаҳорро таъқиб карда, аз паси собиқ ҳамсараш назорат мебурдааст, ки ба куҷо меравад ва бо чи корҳо машғул аст. Шаби 16 ба 17-уми октябр яке аз ошноёнаш ба Саид Ҳусейн Ризвоёниён хабар медиҳад, ки собиқ ҳамсараш дар ноҳияи Ёвон дар дикотека бо рақсу бозию дилхушӣ машғул аст.
Бо шунидани ин хабар оташи рашк дар вуҷуди мард аланга зада, аз мағоза табар мехарад ва роҳи ноҳияи Ёвонро пеш мегирад.
Марди бадрашк дар назди манзили иҷораи муввақатии собиқ ҳамсараш камин гирифта, мисли гурге, ки сайдашро мепояд, бозгашти Гулбаҳорро интизорӣ мекашад. Тахминан соатҳои 23-и шаб ҷавонзан ба хона баргашта, ба ҳамлаи собиқ шавҳараш дучор мешавад. Ризвониён аввал ба рӯйи Гулбаҳор маҳлули кимиёвии кислота пошида, баъдан ба қисмати сар ва бадани зан чанд табар задааст.
Пас аз содир намудани ин ҷинояти ваҳшатбор марди эронӣ собиқ ҳамсарашро, ки ғарқи хун буд, дар дами марг ба ҳоли худ раҳо намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
Айни замон Гулбаҳор Ашӯроваи 30-сола бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст, нисбати Саид Ҳусейн Ризвониён бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, ин марди бадрашк, ки қасди куштани зани тоҷикашро дошт, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар гузориши ВКД марди эронӣ дар сар задани ин моҷаро то ҷое худи занро низ гунаҳкор намуда, мегӯяд, баъди ҷудо шудан Гулбаҳор мудом тариқи Вотсап бо ӯ сӯҳбат мекард. Аз ҳамин хотир вақте дар дискотека дилхушӣ кардани Гулбаҳорро шунидааст, оташи рашк дар дилаш аланга зада, бо мақсади қасос гирифтан аз мағоза табар ва кислота харида, ҳамроҳи дӯсташ Комрон Нуралиев роҳи Ёвонро пеш гирифтааст.
“Ду моҳ бо ҳам зиндагӣ кардем. Баъд дугонабозӣ шурӯъ шуду гурехт аз ман, рафт. Рафту ҳар шаб бо Ватсапп бо ман суҳбат мекард. Хуҷандро гаштам, Қӯрғонтеппаро гаштам (дар ҷустуҷӯи Гулбаҳор) Дугонае, ки бо худаш зиндагӣ мекард, маро занг заду гуфт, ки дар Ёвон аст. Соати ёздаҳуним омад, ҷангамон шурӯъ шуд, даъво шурӯъ шуд. Дигар ман аз милисаҳо тарсидаму гурехтаму омадам Душанбе, ки милисаҳо омада, маро гирифтанд…”-ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд Саид Ҳусейн Ризвониён.
Дар прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати Ризвониён бар асоси қисми дуюми моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД