Formula novemver 2024
Гуноҳатро дар ду ҷаҳон намебахшам, падар!
2535

 Модарам Давлатбӣҳусни мафтункунанда доштааст ва тағоҳоям иҷозат надодаанд, ки таҳсилашро давом диҳад. Бечора шабҳоро бо гиря саҳар мекардааст, вале бародарони сангдилаш ба нолаю фарёди дилаш гӯш надода, ӯро бо як ҷавони бадрӯй хонадор кардаанд, то қарзашонро аз гардан соқит намоянд.

Мардуми деҳа ба ҳоли домод хандида модарамро хуб масхара кардаанд, ки шӯй наёфта чунин аҷинаро гирифтааст. Модарам ба тақдири азалӣ тан дода, шавҳараш ва тамоми аҳли оилаи хусурашро ҳурмату эҳтиром мекунад ва муҳаббату дуои неки пиронро сазовор мегардад. Бобову бибиям аз келин хурсанд буданд. Бо мурури вақт модарам соҳиби се фарзанд мешаванд, вале ба бахти баландашон чашми бад расида, ҳар се кӯдаконашон пасопеш мефавтанд. Падарам Маҳмадалӣ тоби чунин бадбахтиро накарда, рӯ ба шароб меорад ва ба ин ҳам қонеъ нашуда ба болои модарам зан мегирад. Бечора модарам пас аз ин ду фарзанд таваллуд карда бошад ҳам, дигар рҳзи хушро намебинад. Падарам ба аёдати мо, ҷигарбандонаш қариб, ки намеомад, доим бо зани дуюмаш буд ва ҳама нозу нузи ӯро мебардошт. Рӯзе табби ман баланд шуду акаам Муҳаммадиқбол падарамро зӯран ба хона овард. Падаре, ки бояд пушту паноҳи фарзанд бошад, заҳрхандакунон ба рӯям нигариста гуфт: «Беҳуда маро безобита кардед, гумон кардам, ки ин сағера мурдааст, лекин мебинам, ки ӯро ягон балою қазо назадааст!» Магар духтари худашро чунин бераҳмона таҳқир кардани падар аз рҳйи оини ҷавонмардист?! Падари беномусам бо ҳамин дигар аз дари мо надаромад. Имрҳз ман 16- сола шудаам, аммо заҳри сухани падарамро то ҳол аз хотир бароварда наметавонам. Модари бечораам барқасди шавҳари беномусаш ба донишгоҳ дохил шуда, дар 46 солагӣ соҳиби диплом шуд. Нав қоматамонро рост карда будем, ки модарамро ба суд даъват намуданд. «Хонаро зудтар холӣ кунед, чунки ин манзил ба номи шавҳаратон будааст ва вай хонаро аллакай ба як занак фурӯхтааст» гуфтаанд. Модарам бо шунидани ин хабар ба сактаи дил гирифтор шуд. Хайрият, ки тағоям мардӣ карда, барои мо хона харида дод, вагарна аз рӯйи падари беномусамон дар кӯча мемондем. Соҳиби хона гашта бошем ҳам, ганҷи аз ҳама чиз қимматтар-саломатии модарамро аз даст додем. Бечора тағоям модарамро дар ба дари табибу духтурҳои машҳури хориҷӣ гардонда, базӯр дубора ба по хезонданд. Худованд раҳми мо падардорони бепадарро хӯрда, модарҷонамро умри дубора бахшид. Гумон мекунам, ки ба ҳама фоҷиаҳои зиндагии мо падарам гунаҳкор аст. Агар вай моро намепартофт, чунин рӯзҳои сахт ба сарамон намеомаданд. Гуноҳатро дар ду ҷаҳон намебахшам, падар!

Анисаи падарбезор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД