Шавҳари бекорхӯҷаам ашёҳои хонаро медуздаду...
Салом дӯстон! Ҳарчанд хостам нанависам, нашуд. Дилам мекафад. Шавҳарам аз аввал эркаи модару падараш будааст. Вай мардак шуда, аз рӯзҳои нухастини зиндагиамон кор намекард ва то ба ҳол дасташро ба оби сард намезанад. Пештар хусурам оиларо таъмин мекард, баъди вафот карданипадаршӯям зиндагиамон бисёр мушкил шуд. Апаҳояш як-ду вақт кам-кам ёрдам карданд, баъд “ҳозир зиндагии ҳама мушкил шудагӣ, худатон сарҳисобатонро ёбед” гуфта, кӯмак расониданро бас карданд. Ман ноилоҷ ба кор даромадам. Дар як беморхона санитарка шуда кор мекунам. Ба танҳоӣ кашидани арбаи зиндагӣ бароям хеле мушкил аст, чунки маши кам мегирам, вале шавҳарам ҳеҷ кор кардан намехоҳад. Аз бонк қарз гирифта, худам хонаро таъмир кардам, хӯрондану пӯшондани фарзандонамн ҳам пурра бар дӯши ман аст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавхарам вактҳои охир қартабозӣ мекунад. Ҳар гоҳ бозиро бой диҳад, пинҳонӣ ашёҳои рӯзгорро дуздида мефурушад. Аз ҳама амамовараш он аст, ки хушдоманам бо писараш мисли кӯдак муомила мекунад ва ба ҷойи он ки насиҳат кунад, тарафашро мегирад. Падари фарзандонам бар замми бекорхӯҷаю қартабоз буданаш баддаҳон аст, мудом баҳудаву беҳуда кӯконро ҷанг мекунад, азоб медиҳад. Ягон ҳунар надорад, мард шуда ҳатто ба девор мех зада наметавонад. Рӯзи дароз дар хона бе кор нишаста, ҳатто ҳавсала намекунад, ки намозашро хнад. Аз чунин зиндагӣ ҷонам ба лабам расидааст, гоҳо зор-зор мегирям, ки барои кадом гуноҳам худованд маро бо чунин марди бекорхӯҷа ва бепарвою беҳунари қиморбоз ҳамсафари ҳаёт гардонида бошад. Фикр мекунам, ки аз чунин шавҳардорӣ бе шавҳар будан беҳтар аст, чунки медонӣ дар барат мард нест ва чандон аламат намекунад, ки бори зиндагиро як умр ба танҳоӣ мекашӣ. Ба хушдоманам мегӯям, ки шумо модар ҳастед, писаратонро насиҳат кунед, фаҳмонед, ки фарзандонаш рӯз то рӯз калон шуда истодаанд, фардо инҳоро хонондан даркор, хонадор кардан даркор, дар ягон ҷо ба кор дарояд, вале кампир тарафи писарашро гирифта мегӯяд, ки шукрона кун, чи хеле ки набошад, дар болои сарат шавҳар дорӣ, қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад гуфтаанд...
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Бо эҳтиром: П
Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин