arzon replenishment
Шавҳари ҷавон «банкрот»-ам кард (ҚИСМИ 3)
1381

Ишқи пирӣ

Акнун ман ба дорухонае, ки Расою Юнус кор мекарданд, бегоҳӣ, баъдҳо шабона мерафтаму Юнусро ба гап мегирифтам. Барояш сихкабобу мурғи бирён, кулчақанду ҳар гуна савғо мебурдам. Оҳиста-оҳиста мо бо ҳам унс гирифтем, дигар бе суҳбати ў наметавонистам. Мани чилсола чунон ошиқи ин ҷавони бистусесола шуда будам, ки ҳама чиз аз назарам фаромўш шуда буд. Аммо мо аз доираи одоб намебаромадем…

Як рўз худро каме бетоб эҳсос кардам, вале бегоҳ табам баланд шуду сарам ба дар даромад. Дилам аз танҳоӣ мекафид ва аз чӣ бошад, ғайриихтиёр рақамҳои Юнусро чида, аҳволамро гуфтам. Ӯ доруву дармони зиёд бардошта, ба хабаргириям омад ва он шаб дар хонаи ман монд…

Нозҳои шавҳари ҷавон

Пас аз як моҳи ин воқеа мо никоҳи мусулмонӣ кардему Юнус барои доимӣ ба хонаи ман омад. Модару бародаронам ба ин издивоҷ он қадар розӣ набуданд, вале Юнус назди онҳо бо каломи Худо қасам хўрд, ки ҳаргиз маро танҳо намегузорад. Падару модари Юнус ва ҳафт хоҳару додараш акнун аз ҳисоби ман хўрда мегаштанд, ҳафтае набуд, ки мо бо мошини пури хўрокворӣ ба хабаргирияшон наравем. Акнун Юнус дасти рости ман буду мо дукаса тиҷоратамонро васеъ мекардем… Юнус ба ман он қадар меҳрубон буд, ки худамро хушбахтаррин зани дунё эҳсос мекардам. Ў шабу рўз ба гўшам афсонаи муҳаббату садоқат хонда, синну солро пеши муҳаббати бузурги худ хоки сияҳ меномид. Дар зодрўзи аввалини бо ман буданаш барояш як мағозаи либоси мардона харида додам, ў дар ин мағоза додарашро оварда, ба кор монду ўро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи тиҷорат дохил кард. Шаш моҳ ў дар хонаи мо зиндагӣ кард, вале баъдтар мо барояш хонаи дуҳуҷрагӣ харида, ўро бо хоҳари Расо хонадор кардем. Расо аз беҳтарин дўстони оилаи мо ҳисоб меёфту акнун донишгоҳро хатм карда, бо мусоидати ману бародаронам дар беҳтарин клиникаи ҷумҳуриявӣ кор мекард. Юнус донишгоҳро хатм карду барояш мошини қимматбаҳои хориҷӣ тақдим кардам ва тамоми тиҷоратам акнун дар дасти ў буд. Тамоми буду шудам сарфи ў ва авлоди ў буданд, аммо Юнус ҳамеша мегуфт, ки тиҷорат ба номи ту асту ман худамро занкалон эҳсос мекунам. Ман тиҷоратамро низ фидои Юнус карда, бе маслиҳати бародаронам ҳама ҳуҷҷатҳоро ба номи ў кардам…

Безурёт

Ҳамроҳи Юнус ба беморхонаҳои зиёде рафтем, аммо ҳама ба як овоз мегуфтанд, ки аз ту фарзанд намешавад. Маро дигар ғами фарзанд не, ғами аз даст рафтани шавҳари ҷавону нозанинам мехўрд ва ба Юнус гуфтам, ки “аз додари ту писар гирифта, калон мекунаму баъд ба ягон ҷиянам ўро хонадор карда, давлати пирӣ меронам”. Юнус бошад, лабонашро ба кафи пойҳои ман бурда, онҳоро бўсиду ба чашмонаш молида, гуфт:

- Нилгун, биё чорта даври ҷавонӣ ронем, баъд ин нақшаи туро амалӣ мекунем.

- Ман пир мешаваму дигар овози кўдак ба гўшам намефорад,- гуфтам бо ноз сарамро рўйи шонаҳои фарохи шавҳарам гузошта. Юнус маро танг ба оғўш кашида, аз лабонам бўсиду гуфт:

- Ман тораи мўйи туро ба касе иваз намекунам ва ҳар чӣ ту хоҳӣ, ҳамон мешавад!

Ҳамин тавр аз миён ҳашт сол гузашт…

НИЛГУНА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД