Шаробхорӣ дарди бедаво аст. Ман ки солҳост, бо шавҳари шаробӣ зиндагӣ мекунам, ин дардро медонам. Шавҳари ман беш аз 50 сол умр дорад, вале ягон рӯз наметавонад бе шароб зиндагӣ кунад. Фарзандонам калон шудаву аз падарашон шарм мекунанд, болу паршикаста ҳастанд, вале чӣ илоҷ? Бо вуҷуди ин, ман шавҳарамро партофтанӣ нестам, зеро медонам, ки яке аз гунаҳгорони ба ин рӯз расиданаш ман ҳастам.
Зиндагии пуразоб
Чанд сол пеш зиндагии мо хеле вазнин буд. Ин вазъияти вазнини зиндагӣ маро гирифтори мушкилиҳо намуда буд. Он солҳо ману хоҳарча ва бародарам ҳар се хурд будем. Падарам бо сабаби бекорӣ ба Русия коркобӣ рафту модарам бошад, дар мактаби деҳа ба ҳайси муаллима ба кор даромад. Гарчанде ӯ маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, саводу тарбияи хуб дошт. Вазъияти зиндагии вазнини моро дида, ӯро худи муаллимон ба кор даъват карданд. Модарам то бегоҳ дар мактаб дарс медоду шабона бошад, курта медӯхт. Панҷ панҷааш ҳунар буд. Ӯ мардона таълиму тарбияи фарзандон ва зиндагиро пеш мебурд. Ман дар синфи панҷум мехондаму бародарам дар синфи ҳаштум, хоҳарчаам бошад, дар синфи сеюм мехонд. Кору бори хона ба дӯши ману хоҳарчаам буд. Оҳиста-оҳиста падарам каму беш пул мефиристоду модарам маош мегирифт, зиндагиамон бошад, каме маҷрои нав гирифт. Бародарам акнун оҳиста-оҳиста хонаҳои куҳнаро чапа карда, хонаи нав месохт.
Ишқи Фаёз
Бародарам Мақсуд Фаёз ном ҷӯраи ҷонӣ дошт, ки ҳамеша дар бари Мақсуд буд. Ба корҳои хонаи мо ёрӣ мерасонад. Падару модарам аз хурдӣ ӯро мисли писарашон дӯст медоштанд. Солҳо турнасон мегузоштанд, мо ҳам бузургу қадрас шуда будем.
Ба зебогии ман ҳама хурду калони деҳа ҳасад мебурданд. Қариб ҳар рӯз модарамро дар роҳ пешгир карда, маро хостгорӣ мекарданд. Модарам “ҳоло хурд аст” гӯён, ба онҳо ҷавоби рад медод. Ман аз ин кори модарам хурсанд мешудам, зеро ҷӯраи бародарам Фаёзро дӯст медоштам. Аз нигоҳҳояш, аз тарзи гуфтораш ҳис мекардам, ки ӯ низ маро дӯст медорад. Нигоҳҳои пурмеҳри ӯ дилу вуҷуди маро беқарор карда буд. Мехостам ҳар лаҳзаву ҳар соат ӯро бубинам. Ӯро аз ишқи худ огоҳ созам. Ба ӯ бигӯям, ки Фаёз ман туро дӯст медорам. Аммо шарм медоштам. “Модари ман муаллима, ман набояд чунин рафтор кунам” меандешидам ба худ.
Номаи навмедӣ
Ишқи Фаёз рӯз аз рӯз дар дилам аланга мезад. Дар ишқ сӯхта, обу адо мешудам. Рӯзе ниҳоят номаи пур аз ишқу муҳаббат навишта, ба киссаи костюми Фаёз, ки дар сутун овезон буд, андохтам. Рӯзи дигар Фаёз ба хона омада, пинҳонӣ аз бародарам пораи коғазеро ба дастам дод. Хурсанд шудам, ки ӯ низ маро дӯст медорад. Зуд номаро гирифта, ба хона даромадам. “Нилуфар, ин фикрҳои хомро аз сарат дур кун. Ману Мақсуд мисли бародарем. Ман ба ин хона хиёнат намекунам”,- навишта шуда буд дар нома. Баробари хондани нома ашк рӯи рухсораҳоям ҷӯя кашид. Намедонистам ин дарди ишқ буд ё беморӣ, хеле руҳафтода шудам. Пару болам шикаста буд. Чашмонам ғайр аз Фаёз дигар на касеро медиду на чизеро.
Асрори ошкоршуда
Рӯзе падару модарам дурудароз суҳбати телефонӣ карданду фардо модарам ба хона хостгорҳо меоянд гӯён, барои харид ба бозор рафт. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. Баъди аз бозор баргаштани модарам ниҳоят ошкоро гуфтам, ки ман Фаёзро дӯст медорам. Ғайр аз ӯ бо дигаре хонадор намешавам. Модарам бо шунидани ин сухан асабҳояш вайрон шуду ба сари бародарам ба хона даромада, ҷанҷол бардошт. “Ба он ҷӯраи ҷоният бигӯ, ки дигар пою қадамашро ба ин хона нагузорад, кӯрнамак. Ӯро мисли писарамон дӯст медоштем. Ӯ бошад, ба духтари ман чашм ало кардааст. Маро дар деҳа шарманда мекунад. Дигар ӯро дар ин хона набинам”. Бародарам бо рангу рӯи парида аз хона берун шуд. Фикр кардам Фаёзро ёфта, пора-пора мекунад. Аммо дере нагузашта омада гуфт:
- Фаёз гуноҳе надорад. Худи Нилуфар ба ӯ таклифи хонадоршавӣ кардааст. Ӯро дӯст доштааст. Айб аз духтари худи шумост. Фаёз аз ин кор хабар надорад.
Қасоси модар
Модарам барқасди корҳои ман маро ба як хеши на он қадар наздикаш ба шавҳар дод. Ба ин тӯйе, ки он ҷавонро на мешинохтаму на дӯсташ медоштам, розӣ набудам. Касе дарди дили маро намепурсид. Падарам бошад, аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, тӯйи маро бо тантана гузаронду боз ба Маскав баргашт. Пас аз тӯй ман тамоман ба шавҳарам бедил будам. Дандонҳои зада баромадаю чашмони калон- калони сурхшудааш маро аз зиндагӣ дилсард мекард. Ҳарчанд, мехостам гузаштаро фаромӯш карда, хотири модари азияткашидаам зиндагӣ кунам, аммо наметавонистам. Симои Фаёзро ҳамеша ба ёд оварда мегиристам.
Ҷудоӣ аз шавҳар
Шавҳарам бемеҳрии маро эҳсос мекард. Бинобар ин, бо ман ҷангҷол мекард. Ҳамеша аз рӯи дилхунукиам аз шавҳарам шалоқ мехӯрдам. Дили ҷавонам хеле барвақт пир гашта буд. Ба шавҳарам мегуфтам, ки агар ба хонаамон равам, дигар барнамегардам. Ниҳоят маро талбон бурданду дигар ба ин хона барнагаштам.
Рӯзи сиёҳ
Аз шавҳарам ҷудо шуда, дигар дар хонаи модар рӯзи хушро надидам. Модарам ҳамеша сарзанишам мекард, ки маро назди ҳамсояҳо шарманда кардӣ. Баъди хонадор кардани бародарам дигар дар ин хона истода натавонистам. Фаёз ҳам аз тарси модарам дигар ба хона намеомад. Намедонам муносибаташ бо акаам хуб буд ё бад. Ман бошам, дигар аз касе маслиҳат намепурсидам. Худам фармонбардори дилам будам. Дар шаҳр дар корхонаи дузандагие ба кор даромадам. Хонаи иҷора гирифтам...
Зани дуюм
Рӯзе тасодуфан Фаёз ба корхонаи мо омад. Маро дар он ҷо дида, тозон ба наздам омад. Дар дасташ шиму костюм буд. Маълум шуд, ки ӯ ба наздикӣ тӯйи домодӣ доштааст. Шиму костюмашро кӯтоҳ кардаму барояш бахти сафед дуо додам. Хеле суҳбат кардем. Фаёз низ маро то ҳол дӯст медоштааст. Ба хотири бародарам Мақсуд наметавонистааст аз ишқи худ касеро ошкор созад. Ӯ ба ман ваъда дод, ки маро зани дуюм мегирад. Ҳамеша мунтазири Фаёз будам. Хабари тӯйи ӯро шунида, пинҳонӣ мегиристам.
Аммо.....
(Давом дорад)