Arzon march 2024
Шавҳараш дасту пойҳои Манижаро зада шикаст
372


Ба гуфтаи табибон, дар натиҷаи латтукӯби бераҳмонаи шавҳараш чанд дандон ва дасту пойҳои Манижа шикастааст. Марди золим зани бечораро ба дараҷае лату кӯб кардааст, ки аз гардан боло ва қисмати сараш мисли мачалка шудааст...

Шамсиддин Раҳмонов, сокини 31-солаи ноҳияи Данғараро мақомот бо гумони латтукӯби бераҳмонаи ҳамсари 27-солааш боздошт намуданд. Тавре ки “Бомдод” менависад, Шамсиддин Раҳмонов, соли 1991 ба дунё омада, сокини кӯчаи Гидростроителҳои шаҳраки Данғара аст.

Шоми 12-уми ноябр Раҳмонови дар ҳолати мастӣ бо занаш Манижа Достиеваи 27-сола муноқиша намуда, дар рафти ҷанҷоли ин моҷарои оилавӣ ҳамсарашро бераҳмона зери борони мушту лагат гирифтааст.

Шамсиддин Раҳмонов баъди аз мушту шаттаҳои ӯ ба замин афтода аз ҳуш рафтани зан низ ором нагирифта, боз бо кунда ба сари Манижаи ғарқи хуну халаф чанд зарбаи дигар задааст.

Манижа Достиеваро дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии ноҳияи Данғара бурдаанд ва чанд рӯз боз табибон барои наҷот додани ҷони ин ҷавонзани модари чор фарзанд аз чанголи марг мубориза бурда истодаанд.

Ба гуфтаи табибон, бар асари латтукӯби бераҳмонаи шавҳараш чандин дандон ва дасту пойҳои Манижа шикаста, ҳамчунин аз қисмати сараш низ чунон захмҳои сахте бардоштааст, ки ба гуфтаи як табиб, “аз гардан болои зан мисли мочалка шудааст”.

Манижа Достиева аз ҳамон бегоҳи 12 ноябр дар ҳолати кома қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд. Шамсиддин Раҳмоновро баъди латтукӯби ҳамсараш кормандони милитсияи Данғара бо худ бурдаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД