Sebiston new 2024 october
Шавҳарамро қонеъ карда наметавонам!
22268

 Ману шавҳарам дар корхонаҳои гуногун кор мекунем ва ҳарду субҳ баробар аз хона баромада, бегоҳ баробар аз дар медароем. Маоши ҳардуямон қариб як хел аст, фарқият дар он аст, ки пули ман сарфи картошкаю пиёз, гӯшту равған, қанду қандалот ва дигар лавозимоти рӯзгор мешаваду пули шавҳарам сарфи айшу нӯш бо дӯстонаш.

Мардакам бар замми пулашро сарфи ҷӯрабозӣ намудан бисёр танбал аст, ҳатто бо пули тайёр ба бозор рафта хӯрокворӣ харидан намехоҳад. Аз кор хаставу лакот ба хона омада ба бозор меравам ва осемасар маҳсулоти хӯрокворӣ харида, хар барин халтаҳои пурборро бардошта ба хона меояму нафасамро рост накарда, аз паси рӯфтану шустану пухтан мешавам, шавҳарам бошад, мисли шоҳзода нону оши тайёрро хӯрда, боз «хӯрокат шӯр, нонат бенамак, салати тайёркардаат тамоман маза надорад» гӯён, ба ҳама корам эрод мегирад. Хӯрдагирии ин мардак ба дилам задааст, охир як бор андеша намекунад, ки ман ҳам одам ҳастам ва аз субҳ то шом ҷумбуҷӯл карда хаста мешавам. Худо накарда, шавҳарам маро ғелида ё машғули тамошои телевизор бубинад, дуд аз димоғаш баромада қиёматро қоим мекунад. Фарзандонам сол то сол калонтар шуда, талаботашон торафт меафзояд. Барои онҳоро ҳаматарафа таъмин намудан корҳои иловагиро низ бар дӯши худ гирифта, баъди анҷоми корҳои хона боз ба сари компютер мешинам, то чор сум пул ёбам. Тамоми камбудиҳои фарзандон, аз ҷӯроби пояшон сар карда, то пули мактабу боғча ва бемориҳояшон бар дӯши ман бор аст. Ҳолатҳое мешавад, ки барои худам тамоман вақт намеёбам, ҳатто бемор шавам, назди духтур рафта наметавонам. Марди дигар мебуд, чунин занро болои даст бардошта мегашт, вале шавҳари ман ба ҷойи Худоро шукр гуфтан умре бо қошу қавоқи гирифта аз ман менолад. Ин мардак дар давоми 23 соли зиндагии якҷояамон барои осудагии ману фарзандонамон коре накардааст. Падар шуда ягон бор аз фарзанди 20-солааш напурсидааст, ки писарам ту чӣ ҳол дорӣ, чаро рангат зард шудааст, чаро шаб хоб нарафтӣ…

Дилам аз дарду ғамҳои ин марди ҷанҷолӣ кулбори зардоб гашта бошад ҳам, ҳаволаашро ба Худо супорида, боре аз гиребонаш гирифта, чизе талаб накардаам, чунки хислати моҷароҷӯӣ надорам. Чаро бо ин ҳама сабурию ҳунармандию меҳнаткашиам дар назди шавҳарам заррае қадр надорам? Ман ба ӯ чӣ бадӣ кардаам, ки падари фарзандонам ҳамеша ба ман бо нафрат менигараду мегӯяд ту маро қонеъ карда натавонисти ки натавонистӣ?

 

 

Аз нақли шавҳар:

Зан аз кор намемурад

Мо як қишлоқиро аз деҳа ба шаҳр оварда, одам карда дар бало мондем-ку! Занам дар як корхонаи тозаву озода кор мекунад, ҳавлӣ намерӯбад, таппак намекунад, дар ҳавои сард ба берун баромада нон намепазад, ки ин қадар доду вой кунад. Дар кабинети гармаку нармак корашро карда, бегоҳ ба хонааш меояд. Ман занҳои зиёдеро медонам, ки азоби сагро мекашанд, вале мисли зани ман ба идораи газета рафта, шикоят намекунанд. Шикоятҳои ҳамсарам асос надоранд, модар ки шудӣ, бояд фарзандатро нигоҳубин кунӣ, кори хонаро кунӣ. Магар ин занаки беақл мехоҳад, ки ман ҳар бегоҳ аз кор ба хона омада, боз корҳои хонаро ба анҷом расонам? Ин хобашро рафта ба об гӯяд! Модари бечораам умре ҳам мард буду ҳам зан, вале бо ними нон қаноат карда, моро калон кард, хононд, соҳиби хонаву дар намуд. Модарам даҳ баробари падарам кор кунад ҳам, боре дар назди ягон кас лаб ба шиква накушодааст. Занҳои ҳозира аз худ рафтаанд, корашон фақат орову торо ва назди телевизор ғел задан аст.

Маслиҳати равоншинос:

Аз нақли шавҳар бармеояд, ки дар замони кӯдакӣ азобҳои модараш аз сар гузаронида, ба асаби сахт ӯ таъсир расонидааст ва акнун ин мард алами Исоро аз Мусо гирифта, нисбати ҳамсараш дағалӣ менамояд. Ин мард, агар дар ҳақиқат аз рафтори модараш ифтихор менамуд, «модари бечораам» намегуфт. Ӯ бо забони дароз даъво мекунад, ки «модар, ки шудӣ бояд фарзандонатро нигоҳубинӣ намуда, кору бори хонаро кунӣ», вале вазифаҳои худро ҳамчун мард ва ҳамчун падар аз ёд бурдааст. Рӯфтану шустан дар ҳақиқат кори зан-модар, вале аз бозор халта-халта картошкаю пиёз ва гӯшту равған кашонидану оиларо таъмин намудан рисолати мард аст, бародари азиз! Занатон вазифадор нест, ки оиларо таъмин намояд, ин корро шумо бояд ҳамчун мард анҷом диҳед. Ҳамсаратон духтари хуб будааст, ки то ҳол шуморо тарк накардааст, ба ҷойи ӯ зани дигар мебуд, кайҳо аз баҳри чунин шавҳар гузашта, баромада мерафт. Барои ҳамин шукри Худо гуфта, минбаъд бо модари фарзандонатон дағалӣ накунед ва таъмини ҳамсару фарзандонатонро ҳамчун мард бар дӯши худ бигиред!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД