Sebiston new 2024 october
Шавҳарамро дар шаш сол ҳамагӣ шаш моҳ дидаам...
09.04.2022
ОИЛА
2129


Шаш сол қабл волидонам маро бо ҷавоне хонадор карда буданд. Аз тӯямон ҳамагӣ як сол гузашта буд, ки шавҳарам барои кор ба хориҷа рафт.

Он замон нав соҳиби фарзанд шуда будем. Шавҳарам дар хориҷаву ман бо пайвандонаш дар як хона зиндагӣ мекунем.

Ростӣ, шавҳарамро сахт ёд мекунаму зуд-зуд зангаш мезанам, вале ин кори ман ба ӯ намефорад. Ҳар дафъае, ки аз шавҳарам кай ба назди ману фарзандаш баргаштанашро пурсон шавам, ба ғазаб омада, диламро сахт меранҷонад. Мегӯяд, ки ман мардталаб шудааму худро ба даст гирифта наметавонам ва хеле дағал гап мезанад. Борҳо аз ӯ хоҳиш кардам, ки модоме худаш ба Ватан омада наметавонад, ману фарзандашро ба наздаш барад, вале розӣ намешавад.

Аз чунин рафтораш дилам дур меравад. Шояд шавҳарам дар шаҳри бегона зани дигар дораду барои ҳамин ин қадар нисбати ман сард аст. Ман имсол ба 26 қадам гузоштам, вале аз чунин зиндагӣ сер шудаам.

Шабҳои дарозро бо гиря рӯз мекунаму рӯзона бошад, сархаму малул мегардам. Хонандаи азиз, ба фикри шумо шавҳари ман зан дорад ё айб дар ман аст?
Н.Д

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД