Formula novemver 2024
Шавҳарамро бо маъшуқаҳояш қапидам, вале..
15.10.2022
ОИЛА
2062


Ман Насиба, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Замони донишҷӯ буданам, бо ҷавоне шинос шуда, якдигарро дӯст доштем. Баҳодур чунон ғамхору меҳрубон буд, ки ҳатто ба аҳли оилаи мо дар рӯзҳои душвор кӯмаки моддиву молиявӣ мерасонид. Баъди хатми донишгоҳ бо дӯстдоштаам издивоҷ намуда, худро зани хушбахттарини дунё мешуморидам.

Баъди он ки соҳиби як духтарча шудем, шавҳарам комилан тағйир ёфт. Ҳангоми ҳомиладор буданам, борҳо ба ман хиёнат карда, бо ҳар баҳона муноқиша менамуду аз хона баромада, ба назди маъшуқаҳояш мерафт. Баъди тавлиди фарзандамон низ занакбозии худро давом дода, дигар аз он ошиқи меҳрубон осоре намонд. Чандин бор хиёнаташро қапидам, вале шавҳарам ҳар бор мегӯяд, ки маро дӯст медораду маъшуқаҳояш муваққатӣ ҳастанд.

Зиндагиям бад нест, аз чизе танқисӣ надорам, вале хиёнати шавҳар ҷигарамро пора мекунад. Медонам, ки “Оила”-ро бештар бонувону модарон мутолиа мекунанд. Мусаллам аст, ки занҳои зиёде бо чунин мардони бевафо умр ба сар мебаранд. Аз апаву хоҳарони худ пурсидан мехоҳам, ки бо марди хиёнаткор чӣ гуна зиндагӣ кунам?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД