Formula novemver 2024
Шавҳарамро ба шаҳр оварда, келини ганда шудам
15.04.2022
ОИЛА
1312


Зодаи шаҳри Душанбе, хатмкардаи Донишгоҳи славянӣ мебошам. Соли 2016 арӯс шуда, ба яке аз деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ рафтам.

Баъди шаш моҳи тӯямон ману шавҳарам ба шаҳр омадем. Азбаски волидонам дар Русия кор мекунанду хонаамон дар шаҳр холӣ буд, модарам пешниҳод намуданд, ки дар хонаи онҳо зиндагӣ карда, пуламонро барои хонахарӣ ҷамъ кунем. Аз он ки дар деҳа наистода, шавҳарамро ба шаҳр овардам, мавриди қаҳру ғазаби наздикони шавҳарам қарор гирифтам. Ҳар рӯз ба шавҳарам занг задани модару апаҳояш ва дар ҳаққи ман гапҳои пасту баланд гуфтанашон боиси он гардид, ки шавҳарам қариб ҳар рӯз маро мезанаду таҳқир мекунад. Мегӯяд, ки ягон рӯз аз ман ҷудо шуда, фарзандонамонро кашида мегирад. Аз шаттаву шаллоқи зиёд аъзои баданам дардманд шудааст. Барои фарзандонаш ҳама чизро муҳайё мекунад, вале барои ман то ба имрӯз як ҷӯроб нахаридааст. Либосу чизҳои даркориямро бо пули волидонам мехарам. Вақтҳои охир шавҳарам маҷбур дорад, ки ӯро дар қайди хонаи падару модарам монам. Таҳдид мекунад, ки дар ҳама ҷо шинос дораду аз ман халос шудан барояш осон аст. Волидонам намехоҳанд, ки ман оилавайрон шавам, барои ҳамин ба тоқат кардан талқин менамоянд. Хонандаи азиз! Аз чунин зиндагӣ сер шудааму чӣ кор карданамро намедонам. Шавҳарам фарзандонамонро аз дастам кашида гирад, ман аниқ девона мешавам. Итимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
М.Ҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД