Sebiston new 2024 october
Шавҳарами бангиамро дубора қабул кунам?
28.08.2022
ОИЛА
1239


Ман дар синни 30-солагӣ хостгории марди зандидаеро, ки бо ҷурми бе фарзандӣ аз завҷааш ҷудо шуда буд, қабул кардам. Баъди як сол мо соҳиби фарзанд шудем, вале дар иҷорахона зиндагӣ мекардем.

Азбаски барои баргузор намудани тӯямон аз бонк қарз гирифта будем, зиндагии муштараки мо бо додани қарзи бонк шуруъ гардид. Вақте ки ман ҳомила шуда, дигар ба кор рафта натавонистам, хароҷоти мо калон шуда, шавҳарам боз аз бонк қарз гирифт. Зиндагиямон рӯз ба рӯз душвор шудан гирифт, бар замми ин, шавҳарам пули ёфтаашро ба падару модараш равон мекард. Вақте фарзандамро ба дунё овардам, дар болои бепулиямон боз хабар ёфтам, ки шавҳарам бангу шароб менӯшидааст.

Вақте ӯро сари инсоф хонда, барои чунин кирдораш муноқиша кардам, дар ҳамон шабу рӯзи душвор шавҳарам маро бо кӯдаки хурдсол ва қарзи калон партофта рафт. Аҳволе, ки дар он замон доштам, ба ёд овардан намехоҳам. Бо азобу машаққати зиёд ба кор баромада, фарзандамро ба боғча мондаму нав қоматамро каме рост кардам, ки шавҳарам пайдо шуд.

Акнун вай мехоҳад, ки ба хотири фарзандамон ӯро дубора қабул кунаму зиндагиамонро давом диҳем. Вале ман намехоҳам, ин ӯро ба зиндагиам роҳ диҳам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД