arzon replenishment
Шавҳарам занҳои хонадорро “шикор” мекарду...
09.04.2023
ОИЛА
1358

Ман дар синни 23-солагӣ баъд аз ошиқиҳои зиёд бо шавҳарам издивоҷ карда будам. Ӯ аввал ваъда кард, ки бароям тамоми шароитро муҳайё мекунад, вале ман, ки дӯсташ медоштам, бароям ин чиз муҳим набуд.

Зиндагиамро мисли оҳан меқапидам, ки мабодо занг назанад, аммо...

Баъди як ҳафтаи тӯй бе ягон сабаб ба сарам мушт мебардоштагӣ шуд. Аз кокулони дарозам дошта мекашиду сарамро ба девор мезад, бар замми ин, аз даҳонаш пайваста дашному ҳақорат мерехт. Худораҳматӣ хушдоманам беҳтарин инсон буданд, ман ба хотири муҳаббате, ки нисбати шавҳарам доштам, ба тамои ҷабру ситамҳояш тоқат кардам. Соҳиби се кӯдак, ду писару як духтарча шудем.

Дар ин байн шавҳарам се маротиба дар болоям зан гирифт. Ману фарзандонамро таъмин карда наметавонист, вале вақте сабаби маъшуқабозияшро мепурсидам, мегуфт ки “ман мардак ҳастам, ҳоло ҷавонам, тамоми мардҳо арӯс доранд”.

Хуллас, боз зиндагиро идома додам. Худам дар ду ҷой кор карда, зиндагиро пеш мебурдам. Шавҳарам занҳои хонадорро шикор карда, худро пулдор нишон медоду хӯрданиҳои болаззат харида, ба хонаҳояшон мерафт. Оқибат як духтарак дар Фейсбук ба ман навишт, ки зани шавҳарам асту як писарчаи сесола дорад ва боз ҳомиладор аст. Барои далели гуфтаҳояш акси ҳамроҳи шавҳарам дар Сафеддара гирифтаашро фиристод. Косаи сабрам лабрез шуд, хориам омад, ки дар даҳ соли охир ба ман либосе нахаридаасту бо ин зан барои истироҳат ба Сафеддара меравад.
Хулоса, дар наздаш шарт мондам, ки ё аз баҳри занҳояш мебарояд ё бо ману фарзандонаш хайрухуш мекунад. Шавҳарам аз хонаи иҷораамон рафт.
Инак, муддати се сол аст, ки бо азобҳои алим зиндагиро пеш мебарам. Дар ин се сол шавҳарам барои фарзандонаш ҳатто як ҷӯроб равон накардааст. Хонандаи азиз, магар чунин мардро падар гуфтан ҷоиз аст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД