Arzon march 2024
Шавҳарам зани ҷўраашро гирифт (ҚИСМИ 1)
1992

Модарам ҳамеша мегуфт, ки “дасти авлоди мо намак надорад”. Ман ба ин гапи модарам механдидам ва бо шўхӣ мегуфтам, ки “ҳар шаб дастатонро дар намакоб тар кунед”. Модарам бо хандаи талх ба ман менигаристу чизе намегуфт, шояд аз дил мегузаронид, ки “Худоҷон, асло ин дасти бенамак меросат набошад”, вале…

Ишқи бачаи камбағал

Ман духтари шаҳрӣ ҳастам, бобоёнам аз Бухорои шариф барои кор ба Сталинобод, пойтахти Тоҷикистони навбунёд омадаанду ҳамин ҷо муқимӣ шуданд. Падару модарам ҳамин ҷо ба дунё омада, ба воя расидаанд. Волидонам ҳарду устоди донишгоҳ ва дар соҳаи худ унвонҳои баланди илмиро соҳиб буданд, ману ду додарам низ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу кори шоиста будем. Ҳарчанд мо аз оилаи зиёӣ бошем ҳам, волидонам дар интихоби ҳамсар хеле сахтгир буданд, вале ман як ҷавони қишлоқиро дўст медоштаму ба нею нестони онҳо нигоҳ накарда, бо дўстдоштаам хонадор шудам. Баъди хатми донишгоҳ дар як коргоҳи бонуфуз муҳосиб будам, дар ҳамин коргоҳ бо Салмон вохўрдам. Салмон ҷавони қоматбаланди зебо бошад ҳам, хеле камбағал буданд. Волидонаш дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекарданду бо боғдориву чорводорӣ рўзашонро пеш мебурданд. Салмони боғурур ҳеҷ намехост, ки ба падару модари серфарзандаш сарборӣ шавад, аз ин рў, шабу рўз кор мекарду ба онҳо ҳам кумак мекард. Вақте ман ўро бо волидонам шинос кардам, баъди рафтанаш дар хонаамон қиёмат қоим шуд. Падарам ором буд, аммо модарам ҳеҷ намехост духтари ягонаи худро ба ин почаканда диҳад. Маро падарам зиёд дўст медошт ва аз он ки шабеҳи модари ҷавонмаргаш будам, очаҷонам мегуфт. Ман се рўз гуруснагӣ эълон кардам ва волидонам ноилоҷ розигӣ доданд. Падарам модарамро розӣ кунонд ва Салмон хостгоронашро фиристод, падару модари ў низ ба ин издивоҷ розӣ набудаанд…

Хостгории аҷиб

Падару модари Салмон як гӯсфанди куштагии дар сони сафеди покиза печонида, чанд қуттӣ себу ноку ангур, ширу ҷурғоту чакка, бодому зардолухушку либосворӣ барои модараму ҷома барои падарам оварданд. Модарам инро дида, “камбағал ҳам ин қадар дилокушод мешудааст” гўён, китф дарҳам кашид. Ман аз хонаи дигар ба гуфтугўи ин пиру кампири қишлоқӣ ва ду нафар олим гўш мекардам. Падари Салмон гуфт:

- Муаллим, ростӣ ман ба ин издивоҷ розӣ нестам, зеро ҳар кас бояд пояшро ба андозаи кўрпааш дароз кунад, аммо ин бача ошиқ шудаасту сабр дар дили ошиқ чу об дар ғилбол гуфтаанд машоих. Медонам мо арзандаи хешу табор шудан бо шумо нестем, вале барои дили писарам, ки бисёр ҷавони хуб аст, хеста омадем.

Пеш аз падарам модарам ғайричашмдошти ман ҷавоб доданд:

- Ин хел нагўед амак, падару бобоёни мо низ мисли шумо боғдору чорводор буданду бо замин сару кор доштанд. Гап дар сари ин не, гап дар сари он ки духтари ягонаамро ба деҳаи дурдаст фиристодан наметавонам, диламро сагҳо тала мекунанд.

Садои модарам ларзид. Се рўз бо модарам қаҳр доштам, акнун дилам барояш месӯхт, агар падару модари Салмон наздаш намебуданд, давида рафта, канораш мегирифтам. Модари Салмон бо овози паст гуфт, ки “баъди тўй ҷавонон ба шаҳр меоянд” ва мўйсафед сухани занашро идома дод:

- Ман ба номуси писарам боварӣ дорам, Худо хоҳад, соҳиби ҳама чиз мешаванд.

Волидонамон ба якдигарашон маъқул шуданду ҳамон рўз моро фотеҳа карданд. Ду моҳ пас тўйи зебое барпо шуду маро ба деҳа бурданд, ман як сол дар деҳа мондам ва шавҳарам хонаи иҷора гирифта, маро ба шаҳр овард.

Корчаллон

Салмон Дилшод гуфтанӣ рафиқ дошт ва онҳо мисли бародар бо ҳам меҳрубон буданд, дар баробари ҳамсабақу ҳамкор будан, баъдтар якҷоя ба тиҷорат сар карданд. Аввал як мағоза, баъд ду ва баъдан чандин мағозаҳои хўрокворӣ кушоданд, баъдтар дар ноҳияҳо ҳам корашонро ба роҳ монданд, оқибат тарабхонаи бошукўҳе ҳам кушоданд. Ману ҳамсари Дилшод Садаф мисли ду хоҳар ба ҳам меҳрубон будем, ў низ дар хонаводаашон як духтар буду мо ба ҳам аҳди хоҳарӣ бастем. Баъдтар ҳамсаронамон тиҷораташонро ҷудо карданд, аммо акаву додар буданд. Мо дар хонаҳои баландошёна ҳамсоя будем, аммо ҳавлиҳоямон дар гўшаҳои гуногуни шаҳр буд, вале дар як ҳафта як-ду бор дидор медидем. Дар як рўз чанд борӣ телефонӣ гап мезадем. Зиндагии шоиста ва серу пуре доштем, Садаф модар надошт ва модари маро очаҷон мегуфт. Модарам низ “Худованд як духтари маро ду духтар кард” гўён, хурсандӣ мекард. Ман шавҳари корчаллону пулёбамро сахт дўст медоштам. Ман ду писар ва Садаф ду духтар дошт, мудом бо ҳамдигар шӯхӣ мекардем, ки қудо мешавем. Ман Дилшодро додар ва Садаф Салмонро ака мегуфт. Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буд.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД