formula55
Шавҳарам зани русашро аз ман боло медонад
04.12.2022
Mahina
1018


Ман Дилноза, 25-сола, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Бори аввал дар 19-солагӣ ба шавҳар баромадам, вале бо сабаби бангӣ будани шавҳарам ҷудо шудем.

Тавассути сомонаи Инстаграм бо марди аз худам 18 сол калон шинос шудам, ки дар Русия зиндагӣ мекард. Шавҳарам қабл аз издивоҷ маро фиреб дода гуфта буд, ки дар Русия 3-4 хона, чанд завод ва “автомойка” дорад.

Мани сода ба ӯ бовар карда, дарҳол ба издивоҷ розигӣ додам. Вақте ки маро ба мулки рус овард, дарак ёфтам, ки дар ин ҷо 3 фарзанду зани рус доштааст.

Ман ҳомиладор шуда, як писар ба дунё овардам, вале шавҳарам маро ҳар рӯз мезанаду таҳқир карда мегӯяд, ки як зани рус аз ҳазор зани тоҷик боло аст. Бо зани русаш беҳад муносибати хуб дораду ҳар рӯз ӯро ба тарабхонаву сайру тамошо мебарад.

Ман бошам, бо тифлаки хурдсол сарсону саргардонам. Шавҳари дурӯғгӯям дар ин ҷо ҳатто як хона ҳам надоштааст. Вақте худам ё тифлакам бемор мешавем, як тин ҳам барои табобати мо намедиҳад.

Дар мулки бегона чӣ кор кардану ба куҷо рафтанамро намедонам. Ба тамоми занҳое, ки бе шавҳаранду мисли ман шавҳари пулдор меҷӯянд, гуфтан мехоҳам, ки ҳушёрӣ пеша намоянду мисли ман ба доми чунин мардони ҳиллагару айёш наафтанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД