Sebiston new 2024 october
Шавҳарам зан гирифтанист
1235

Салом! Ман зодаи ноҳияи Панҷ Луғмонова Бибизайнаб. Аз соли 2012 то ҳол дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Соҳиби 3 фарзанд ва боз 8-моҳа ҳомиладорам, вале шавҳару хушдоманам маро аз дар берун кардан мехоҳанд.

Ҳамроҳи шавҳарам замин харида хона сохтем. Ягон кас дар сохтмони хона ба мо ёрдам додагӣ нест, вале имрӯз манзиле, ки ман даҳ соли дароз ранҷу азобҳои зиёде кашида сохтам, соҳиб пайдо кардааст.

Шавҳарам ҳамеша бо ҳар баҳона маро зери мушту лағад гирифта, бераҳмона лату кӯб мекард. Хушдоманам ба ҷойи оне, ки писарашро насиҳат кунад, баръакс балво медод, ки "ҷавобашро деҳ, ман ба ту зани духтар гирифта медиҳам".

Пас аз 10 сол фаҳмидам, ки шавҳарам бо як зани ҳамсояамон чандин сол боз робита доштааст. Аз шавҳари якумаш он зан ду фарзанд дорад ва бачаҳояшро шавҳари ман нигоҳубин мекардааст.

Хулоса, ба назди маъшуқаи шавҳарам рафта ба хубӣ гуфтам, ки "агар хоҳӣ, ҳамин шавҳари ман ба пуррагӣ аз ту, лекин ба вай фаҳмон, ки ману фарзандонамро дигар ғам надиҳад, лату кӯб накунад". Он зани шаттоҳ ба сари шавҳарам рафта, доду фиғон бардоштааст, ки "занат маро кофта омад ва чунон гапҳое зад, ки шармандаи олам шудам".

Шавҳарам бо ғазаб ба хона омада, маро чунон бераҳмона зад, ки сарам кафида, қариб ду нима шуд. Дар беморхонаи 1-ум советский сарамро духтурҳо дӯхтанд.

Қариб мурда бошам ҳам, боз хотири бачаҳоям шавҳарамро бахшидам, вале хушдоманам ба ҷойи моро насиҳат кардан то ҳол шӯрандозиашро идома дода истодааст. Ҳар рӯз ба писараш мегӯяд, ки "занатро зудтар даъф карда, зани нав гир, худам ба ту ягон духтари хонаро гирифта медиҳам".

Муддати 6 моҳ мешавад, ки ману шавҳарам дар як хона аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунем. Падари фарзандонам ҳар рӯз ба мани ҳомиладор фишор меорад, хушдоманам барқасди ман бо овози баланд мегӯяд, ки "барои бачам зан ёфтам".

Бовар кунед, чунон туҳматҳое мекунанд, ки ақли кас бовар намекунад. Мақсадашон фақат як чиз аст. Мехоҳанд, ки ман бо кӯдаконам аз хонаи бо обилаи кафи даст ва меҳнати сангин сохтаам баромада равам ва шавҳарам дар ин хона зани дигар гирифта, кайфу сафо кунад.

Муддати 4 моҳ шуд, ки даводав дорам, вале то ҳол ягон суд нест. Намедонам мани ҳомиладор бо 3 фарзанди хурдсолам ба куҷо равам.

Бибизайнаб, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ман Рахимова Мунира сокини шахри Душанбе. 2023-07-08, 08:16
Салом хохари азиз ман ба шумо маслихат медихам,ки ба Кумитаи кор бо занон мурочиат намоед масьалаи шуморо хал мекунанд.Ба зулму ситам токат накунед!ба шумо барори кор хохонам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ман Рахимова Мунира сокини шахри Душанбе. 2023-07-08, 08:16
Салом хохари азиз ман ба шумо маслихат медихам,ки ба Кумитаи кор бо занон мурочиат намоед масьалаи шуморо хал мекунанд.Ба зулму ситам токат накунед!ба шумо барори кор хохонам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД