Sebiston new 2024 october
ШАВҲАРАМ ТАЛОҚ ДОД, ВАЛЕ ХУШБАХТИАМРО ЁФТАМ!
12347


Ман Таҳмина, 28-сола ва модари 2 фарзанд ҳастам. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ситораам бо хушдоманам рост наомада, мудом дар ҳама кору борам айбу камбудӣ меҷуст.
Оқибат бо дахолати модараш шавҳарам маро талоқ дода, аз хона пеш кард.

Ростӣ, баъди аз шавҳар ҷудо шудан чанд моҳ сахт азоб кашидам. Намедонистам ду фарзанди хурдсоламро чи тавр хӯронаму пӯшонам. Ба чандин идораҳо коркобӣ рафта бошам ҳам, корам барор нагирифт. Мегуфтанд, ки ҷойи холӣ нест ё маошаш ҳамагӣ 500-600 сомонӣ буда, маро қонеъ намекард. Намедонистам сарамро ба кадом дар занам.
Як рӯз тасодуфан аз радио як таронаи бисёр аҷибро дар бораи Арзон. ТЧ шунидам ва ин арзон. тч худаш чи бошад, гӯён таваккалан ба ин сомона ворид шудам. Дар қатори эълонҳои зиёди фурӯши хонаву мошин ва техникаи рӯзгор чашмам ба эълони “Работа” афтид. Чашмонам нур гирифтанд ва ба он ворид шудам. Таваҷҷӯҳи маро эълони як маркази таълимӣ ба худ ҷалб намуд, ки ба муаллимаи забони русӣ ниёз доштааст. Рақами телефони марказро гирифта занг задам. Вақте фаҳмиданд, ки факултаи забони русии донишкадаи омӯзгориро хатм намудаам, бо хушнудӣ маро ба сӯҳбат даъват намуданд.

Рӯзи дигар дар вақти таъиншуда ба марказ рафтам ва аз сӯҳбат бо муваффақият гузашта, ба кор сар кардам.

Ду моҳ шуд, ки дар ҳамин марказ ба кӯдакон ва наврасон забони русиро таълим медиҳам. 1500 сомонӣ маош мегирам, корам чандон душвор нест. Аз ҳама муҳимаш дигар ба касе мӯҳтоҷ нестам. Акнун бемалол фарзандонамро мустақилона хӯрондаву пӯшонда метавонам. Ҳамин тавр бо кӯмаки Арзон. ТЧ ҳаёти ман ранги дигар гирифт. Медонам, ки ман барин занҳои дар зиндагӣ сарсону саргардон хеле зиёданд. Ба онҳо гуфтаниям, ки навмед нашуда, барои расидан ба хушбахтӣ талош намоянд, чунки ҳатто як эълон метавонад тақдири шуморо дигаргун созад. Албатта ҳар як зани тоҷик ягон ҳунар дорад. Кор нест гӯён, худро дарун ба дарун хӯрда нашинед. Маълумоти олӣ надошта бошед ҳам, аз дастатон дӯзандагӣ, пазандагӣ ё кӯдакбонӣ барин корҳои оддӣ меомадагистанд. Ба Арзон. ТЧ ворид шуда, кори ба худатон муносиб ҷӯед ё эълони худро гузоред. Ман боварии комил дорам, ки бо кӯмаки ин сомона албатта мушкилатон осон шуда, шумо роҳи зиндагиро меёбед ва ҳаётатон ширину гуворо мегардад.
Таҳмина, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД