Arzon march 2024
Шавҳарам “пули қалинро баргардон” мегӯяд...
03.05.2024
Оила.ТҶ
1439

Салом хонандагони Oila-и азиз! Ман Сабрина, як нафари пурсабру пуртоқат, ки охири охир косаи сабрам лабрез ва тоқатам тоқ шуду мехоҳам дарди диламро гӯям.

Баъди хатми мактаб ва баъдан хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ ду сол дар мактаб кор кардам. Баъд маро ба шавҳар доданд. Тӯямро нав ду моҳ мешавад, лекин чунин фикр мекунам, ки гӯё бист сол зиндагӣ карда бошам. Гапу чапи ману шавҳарам алакай аз таги чодар оғоз шуд. Бе ягон сабабу асосе дастамро сӯзонд. Ба хонаамон омадаму дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳам. Аммо, шавҳарам мегӯяд, ки “пули харҷкардаамро баргардон”. Ман нодухтар набудам, ки маблағи сарфкардаи ӯро баргардонам ва барои ҳамин азоби виҷдон мекашам. Боз, нисбаташ нафрат ҳам дорам. Бубинед, ки ҳам маро латукӯб кард ва ҳам пул талаб дорад! Мегӯяд, ки “ту аз хонаи мо ягон чиз намебарӣ, умедатро кан!”. Ғам гулӯгирам кардааст, умуман бо ӯ рӯ ба рӯ шудан намехоҳам. Аммо мегӯяд, ки “ман ҷавобатро намедиҳам”.

Ҳайронам, чӣ гуна нафареро, ки маро туҳмату латукӯб мекунад, дӯст дорам ва бо ӯ зиндагиро идома диҳам!?

Шояд ягон беморӣ дорад, ки рӯзи дароз бекор нишаставу бо баҳонаҷӯиҳо ба асаби ман мерасад ва дигаронро ғайбат мекунад!?

Хоҳиш мекунам, ба ман ягон маслиҳат диҳед!

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД