Ман тамоми умр бо марди ҷоҳилу бадрашк зиндагӣ карда, оқибат бемору дар дами пирӣ дар ба дар гаштам ва мехоҳам сарнавишти таламро нақл кунам, то ки ба дигар занону духтарон ибрат гардад.
Ман ҳам аз рӯзи аввали оиладорӣ аз рашку дағалӣ, масхараву истеҳзои шавҳар ҷонбезор шуда, ба модарам арзу шикоят мекардам, вале солҳои пеш падару модарон дар масъалаи оиладорӣ нисбати фарзандон хеле сахтгир буданду модарам маро ба сабру тоқат даъват карда, намегузоштанд фарзандонам сағера шаванд. Шавҳарам аз сабру тоқати ман истифода бурда, бадрафторияшро давом медод ва чи коре, ки хоҳад, мекард. Вақте ки синну солам ба 50 расиду фарзандонам соҳиби хонаву дари худ шуданд, саломатиям ҳам бад шудан гирифт ва дигар ба ҷабру ҷафои шавҳар тоқат накарда, гап мегардондагӣ шудам. Оқибат кор ба ҷое расид, ки шавҳарам маро дар дами пирӣ аз хона ронд.
Инак, муддати 10 сол аст, ки дар хонаи фарзандонам зиндагӣ мекунаму шавҳарам маро ба хонаву дари бо заҳматҳо обод намудаам роҳ намедиҳад. Маслиҳати ман ба тамоми занони тоҷик қадру қимати худро бидонанд ва аз марди ҷҳилу беандеша сари вақт ҷудо шавнд, вагарна мисли ман дар пирӣ хору зор мешавнад.
Ҳанифаи 65-сола.