Салом! Ман як зани муҳоҷири тоҷик, мехоҳам қиссаи ишқи бебарорамро ба шумо қисса кунам.
Марям ном дорам. Ҳамроҳи падару модарам қариб 10 сол дар шаҳри Маскав зиндагӣ карда, дар ҳамон ҷо бо Суҳроб ном ҷавони муҳоҷири тоҷик шинос шудам. Вай аз худаш Маҷнуни сонӣ тарошида, чунон гапҳои ширине мезад, ки дили кас аз шуниданаш обу адо мешуд. Мани сода ба қавлу қасамаш бовар карда, ошиқи зори ин ҷавон шудам. Падару модарам қиссаи ишқу муҳаббати моро фаҳмида, талаб карданд, ки тезтар тӯй кунад, вале ошиқам баҳона кард, ки хоҳарашро ба шавҳар дода истоданд ва ҳоло тамоман имконияти зангирию тӯйкунӣ надорад. Волидонам аз ҳисоби худашон дар тарабхонаи зебое тӯю тамошо ороста, сари моро ҷуфт карданд ва маро ҳамроҳи шавҳарам ба Тоҷикистон ба хонаи хушдоманам фиристоданд. Суҳроб ҳамагӣ ду моҳ дар Ватан истода, боз бо баҳонаи тӯйи хоҳараш ба Русия рафт. Ба мисли бесоҳибҳо кӯдакамро дар хонаи хусуру хушдоманам бе падар ба дунё оварда, як соли дароз роҳи шавҳарамро поидам, аммо Суҳроб дилу нияти ба хона баргаштан надошт. Дугонаҳои русам ба ман занг зада мегуфтанд, ки шавҳарат бо Мария ном духтари кӯчагӣ кайфу сафо карда гаштааст. Оташи рашк дар дилам аланга зад ва ба зиддияти хусуру хушдоманам нигоҳ накарда, чипта харида ба Русия омадам. Гуфтаҳои дугонаҳоям рост будааст, Суҳроб дар ҳақиқат ба доми ишқи Мария афтида, одаму одамгариро фаромӯш кардааст. Шавҳари булҳавасам ошкоро ба ман гуфт, ки дигар бо умеди ӯ нашуда, роҳи зиндагиамро ёбам. Ҳамин тавр ман бо як фарзанд дар 20 солаги номи бади бевагиро гирифта, дар нимароҳи зиндагӣ яккаву танҳо мондам.
Баъзе мардҳои тоҷика садқаи занҳои тоҷик кунад. Ду сум пулро, ки диданд, дигар парвои зану фарзанд надоранд. Корашон бо беваҳои рус кайфу сафо кардан аст!
Албатта ману писарам дар кӯча намемонем, падару модарам моро соҳибӣ карда, гули чизро мехӯронанду мепӯшонанд, вале як чиз алами маро меорад, ки барои як зани кӯчагӣ шуда шавҳарам фарзандашро зиндаятим гардонд. Магар ин аз рӯйи оини ҷавонмардӣ аст?