Салом ба тамоми хонандагони сомонаи Оила. ТЧ
“Заҳри одамро одам мегирад” гуфтаанд, аз ҳамин хотир мехоҳам дарди диламро ба шумо қисса карда, каме ҳам бошад, кулбори дарду аламҳои худро сабуктар созам.
Қаблан аз шумо узр мепурсам, ки номи аслиамро ифшо карда наметавонам. Шавҳарам бисёр марди ҷоҳил ва бераҳм аст, агар фаҳмад, ки асрори зиндагии оилавиамонро фош кардаам, пӯсти маро зинда ба зинда аз танам меканад...
Ман дар шаҳр ба воя расидаам, аммо бо амри тақдир дар деҳа шавҳар кардам. Моҳи аввали оиладориро “моҳи асал” ва давраи тиллои умри домоду арӯс меноманд, вале ҳанӯз рӯзи дуюми тӯямон шавҳарам барои меҳмонҳоро дертар пешвоз гирифтанам тамоми ороишоти косметикии маро аз пеши оинаам бардошта ба замин рехту шикаст. Ҳамин тавр аз рӯзи дуюми зиндагии илавиамн ҳаёти манба дӯзах табдил ёфт. Рӯзе набуд, ки шавҳари бадҷаҳлам бо ягонбаҳона маро зери мушту лагад нагирад. Намегӯям, ки одами идеалӣ ҳастам, аммо намедонам барои чӣ ин қадар шатта мехӯрам. Бовар кунед, баъзан ҳатто барои намоз хонданам мардакам маро лату кӯб мекунад.
Аз тӯямон аллакай шаш сол гузашта, соҳиби се фарзанд гаштаам, аммо то ба ҳол ману шавҳарам бо ҳамдигар забон ёфта наметавонем. Боре як ҳамсояи бешавҳарам ба хонаи мо омад ва бо шавҳарам ҳар хел шӯхиҳо карданд. Ҳарчанд аҳамият надиҳам гӯям ҳам, рашки зормонда зӯрӣ кард ва косаи сабрам лабрез гашта бо ситеза гуфтам:
-Рав бо ҳамин муаллима ба куҷое мехоҳӣ!
Шавҳарам ба ғазаб омада, маро чунон латукуб кард, ки хун аз биниву даҳонам ҷорӣ шуд.
Аз мушту лагадаш дида, ҳақоратҳои ин марди ҷоҳил ба ман сахттар мерасиданд, чунки вай падару модар ва хоҳари маро дашномҳоиқабеҳ медод. Ҳар гоҳ, ки гапгардонӣ кунам, дод зада мегуфт, ки “хоҳаратро ба ҷои ту ба ин хона оварда фолону бесмадон мекунам...” Пас аз фавти падарам ба ҷойи маро дилбардорӣ намудан шавҳарам “бепадар” ва “бесоҳиб” гӯён, ба дилам ханҷар мезадагӣ шуд. Ин марди золим боре ба сарам чунон сахт зад, ки номи фарзандонамро чанд соат ба хотир оварда натавонистам.
Ман ҳам зан ҳастам ва дилам меҳрубонӣ мехоҳад. Мехоҳам дар оила ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми дутарафа бошад, вале афсӯс.... Ба ҳама дағалиҳояш нигоҳ накарда, шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам фарзандонам зиндаятим шаванд. Худро тасаллӣ дода мегӯям, ки ёфтани ризқу рӯзӣ душвор аст ва шояд аз ҳамин сабаб шавҳарам ин қадар бадҷаҳлу асабонӣ аст. Мегӯянд, ки одамизод ба ҳама чиз одат мекунад, ман ҳам ба мушту галади ва таҳқиру хриҳои шавҳарам одат кардаам, вале дуо мекунам, ки чунин ҳаёти сагонаро худованд ба ягон зан насиб нагардонад. Боқӣ ба ҳамаатон бахту саодат мехоҳам!